Қурбониёни обхезии даҳшатбор дар Олмон ба 156 нафар расид

© REUTERS / Staff Общий вид зоны, пострадавшей от наводнения после проливных дождей в Шульде, Германия
Общий вид зоны, пострадавшей от наводнения после проливных дождей в Шульде, Германия  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Ангела Меркел мегӯяд, хисороти ин офати табиӣ феълан маълум нест ва дар рӯзҳои наздик дақиқ мешавад
ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Теъдоди қурбониёни обхезии шадид дар Олмон ба 156 нафар расид, хабар медиҳад Swissinfo.
Ба иттилои манбаъ, дар Арвайлер 98 нафар ҷон бохтаанд ва 670 тани диҳар ҷароҳатдор шуданд.
Дар қисмати ғарбии Олмон режими фалокати ҳарбӣ эълон шудааст ва дасти кам 800 сарбоз ба аҳолии зарардида кумак мекунанд.
Германия после наводнения: кадры города Дернау  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Оқибатҳои ногувори обхезӣ дар Олмон - видео
Ёдовар мешавем, ки рӯзи душанбе дар Олмон боронгарии шадид сар шуд, ки дар натиҷа туфони "Бернд" - ро ба миён овард.
Зарбаи асосии офати табиӣ ба минтақаҳои ғарбӣ ва ҷанубу ғарбии Олмон афтод, ки дар он ҷо рӯди Рейн ба соҳил баромад ва кӯчаҳоро зери об кард.
Ин обхезӣ маргбортарин дар Олмон дар даҳсолаҳои охир буд. Даҳҳо хона тахриб шуд. Канслер Ангела Меркел дар шарҳи ҳодисаҳо гуфт, ки миқёси ниҳоии фоҷиа танҳо дар рӯзҳои наздик маълум хоҳад шуд. Вай ба оилаҳо ва наздикони қурбониён изҳори тасаллият кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала