Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Сироятёбӣ каму фавт зиёд: омори коронавирус дар Русия

© Sputnik / Илья Питалев / Гузаштан ба хазинаи аксБригада скорой медицинской помощи возле больницы для пациентов с подозрением на коронавирус
Бригада скорой медицинской помощи возле больницы для пациентов с подозрением на коронавирус - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Сатҳи сироятёбӣ ба коронавирус дар Русия тӯли ҳафт рӯзи ахир афзоишро қатъ кард, вале ҳадди ниҳоии фавт ҳафтаи чорум аст, ки рӯ ба афзоиш ниҳодааст
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Давоми як ҳафтаи ахир сироятшавӣ ба бемории коронавирус дар Русия майли афзуншавӣ надорад ва қариб як навохт аст.
Аммо маргу мир аз ин вирус дар чор ҳафтаи ахир ба ҳадди ниҳоӣ расидааст.
Бар хабари Ситоди фаврии мубориза бо коронавирус, аз 12 то 18 июл мубталошавӣ миёни аҳолӣ камтар сурат гирифт. Дар ин муддат 174 800 нафар бемор шуданд. Вале 7 рӯзи қаблӣ мавориди сироятшавӣ ба коронавирус ниҳоят зиёд буд.
Актер Михаил Боярский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Боярский аз суди ваксин гуфт ва ҳамаро ба иммунизатсия даъват кард
Зимнан, теъдоди шифоёфтагон низ афзоиш меёбад. Дар як ҳафтаи ахир 141 012 пурра шифо ёфтанд.
Аммо аз 12 то 18 июл дасти кам 5 417 нафар қурбони коронавирус шуданд, ки ин рақам ба ҳадди ниҳоӣ расидааст.
Шабонарӯзи гузашта 764 мавриди фавт ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки аз ин миён 106 нафар дар шаҳри Маскав, 101 фавт дар Санкт - Петербург ва 40 қурбонӣ дар вилояти Иркутск ба қайд гирифта шудааст.
Маскав, назди Маскав ва Санкт - Петербург ҳамоно марказҳои асосии эпидемия боқӣ мемонанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала