Президент дандони тиллоро дар Тоҷикистон "аз мӯд баровард"

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Дар пайи танқиди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз насби дандонҳои тиллоӣ, мӯди гузоштани чунин дандонҳо аз байн рафтааст
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Майли шаҳрвандон ба гузоштани дандонҳои тиллоӣ тақрибан аз байн рафтааст, иттилоъ дод Ҳусейн Донёров, директори Маркази вилоятии дандонпизишкӣ дар минтақаи Кӯлоб, зимни нишасти матбуотӣ.
Нашрияи “Пайк”, расонаи минтақавии Кӯлоб, аз қавли Ҳусейн Донёров, мудири Маркази вилоятии дандонпизишкӣ иттилоъ додааст, онҳое, ки дандони тилло мегузоштанд, феълан онро бо садаф иваз карда истодаанд.
Аксарияти муштариён барои мондани дандонҳои садафӣ муроҷиат мекунанд, изҳор доштааст мудири Маркази дандонпизишкӣ.
“Онҳое, ки солҳои қаблӣ дандони тилло гузошта буданд, дандонҳои худро омада иваз карданд. Ба иллати омилҳои дохилӣ ва берунӣ мардум рӯ ба дандони садафӣ овардаанд. Дар 6 моҳи имсол ба марказ ҳамагӣ як нафар барои насби дандони тилло муроҷиат кардаасту халос”, - далел овардааст Ҳусейн Дониёров.
Ин дар ҳолест, ки солҳои қабл дар Тоҷикистон доштани дандонҳои тиллоӣ мӯд шуда буд ва кор то ҷое расид, ки бархе дандонҳои сиҳатро канда, ба ҷояшон дандонҳои тиллоӣ мемонданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз ин тамоюл танқид кард, ки баъдан ба таври густурда дар расонаҳои давлатӣ инъикос гардид. Солҳои охир ба гуфтаи масъулин ва мушоҳидаҳо мӯди доштани дандонҳои тилло аз байн рафта, бештари мизоҷон майли дандонҳое доранд, ки зоҳиран ба табиӣ бештар монанданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала