Ташхиси коронавируси ду варзишгар дар Токио мусбат баромад

© REUTERS \ Kim Kyung-Hoon/PoolТалисман Летней Олимпиады в Токио Miraitowa позирует сзади Олимпийских колец после мероприятия по случаю 100 дней до Олийписких игр в Токио
Талисман Летней Олимпиады в Токио Miraitowa позирует сзади Олимпийских колец после мероприятия по случаю 100 дней до Олийписких игр в Токио  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Обуна шудан
Феълан маълум нест, ки ин ду варзишгар намояндагони кадом давлат ҳастанд
ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Ду варзишгари хориҷӣ, ки дар қаламрави деҳаи олимпӣ дар Токио ба сар мебаранд, гирифтори коронавирус ҳастанд. Ташхиси ҳар дуи онҳо мусбат баромад, хабар медиҳад Кумитаи тадорукоти Токио - 2020.
Феълан дар мавриди ҳувияти варзишгарон чизе маълум нест.
Қаблан дар мавриди як варзишгар хабар дода шуд, ки бо коронавирус вориди Ҷопон шудааст.
Рӯзи якшанбе 10 мавриди гирифторшавӣ ба коронавирус дар байни кормандону афроди наздик ба созмондиҳандагони ин бозӣ сабт гардид.
Рӯзи шанбе аз 15 мавриди беморшавӣ маълум буд.
Фигуры талисманов Летней Олимпиады в Токио Miraitowa и Someity во время мероприятие по случаю 100 дней до Олийписких игр в Токио  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Машрубот, сурудхонӣ ва фарёдзанӣ манъ: маҳдудиятҳои нав дар Бозиҳои Токио - 2020
Ёдовар мешавем, ки аз Тоҷикистонро ба Бозиҳои Олимпии Токио - 2020 як ҳайати 23 нафара сафарбар мешавад.
Бозиҳои олимпӣ рӯзи 23 июл оғоз меёбанд ва то 8 август идома хоҳанд ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта бинобар авҷи маризии коронаиврус ин мусобиқаи байналмилалӣ доир нашуд.
Имсол бошад, ташкилкунандагони Бозиҳои олимпӣ тасмим гирифтанд, ки бо ҳузури теъдоди ками тамошобинон, мусобиқаро баргузор мекунанд.
Гуфта мешуд, ба олимпиада тамошобинон аз хориҷи кишвар роҳ дода намешаванд.
Лентаи хабарҳо
0