Зуҳуров аз хизматҳои Президент гуфт ва ҷавононро ба ҳифзи марзу буми кишвар даъват кард

© Facebook/ Ташкилоти ҷамъиятии пайравони Пешвои миллатСобиқ раиси амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдамир Зуҳуров
Собиқ раиси амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдамир Зуҳуров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Собиқ раиси КДАМ Тоҷикистон, Сайдамир Зуҳуров аз ҷавонон даъват намуд, ки якдил бошанд ба марзу бими давлатро содиқона ҳифз кунанд
ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Ба аёдати собиқ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Сайдамир Зуҳуров, аз ҷониби роҳбари Кумитаи кор бо ҷавонон як гурӯҳ намояндагони ин ниҳод сафарбар шуданд.
Бар хабари гурӯҳи Фейсбукии Ташкилоти ҷамъиятии пайравони Пешвои миллат, аёдати Зуҳуров маҳз дар доираи ҳидояти роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон, бобати қадршиносӣ аз шахсиятҳои шинохтаи кишвар сурат гирифт.
Гуфта мешавад, зимни ин дидорбинӣ генерал - полковник, Сайдамир Зуҳуров аз хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон ёдовар шуд.
Сафири Афғонистон ба мулоқоти генерал Зуҳуров рафт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2021
Дидори сафири Афғонистон бо Зуҳуров ва изҳори сипоси генерал аз Ағбар
Илова бар ин, Зуҳуров аз ҷавонон якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва пос доштани Ваҳдати миллӣ даъват кард.
Манбаъ меафзояд аз ҷониби кумитаи мазкур ба генерал - полковник тӯҳфаҳо тақдим гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали соли ҷорт Сайдамир Зуҳуров 70 - сола шуд.
Ӯ аз мутахассисони ҳирфаӣ ва саршиноси кишвар аст, ки дар сулҳу ваҳдати миллӣ ҳам саҳми босазое гузоштааст. Генерал, феълан пас аз сарнишинӣ дар чанд ниҳодҳои кишвар, аз ҷамла КДАМ бознишаста аст. Худаш, баъди чанд ҷарроҳии ҷиддӣ, "зинда монданашро мӯъҷиза медонад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала