Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Бадшавии вазъи коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат боз як ҳолати маргро тасдиқ кард

© Sputnik / Андрей СтенинҶаноза. Акс аз бойгонӣ
Ҷаноза. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Дар умум, тибқи иттилои расмӣ шумораи ҷонбохтагон ба 112 нафар расидааст
ДУШАНБЕ, 19 июл - Sputnik. Вазъияти коронавирус дар Тоҷикистон бадтар мешавад. Вазорат аз даҳҳо ҳолатҳои нави гирифторӣ ба вируси корона ва ҳолати нави марг аз ин уфунат хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир, як ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд ва 51 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 51 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 41 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоияи сомонаи covid.tj.
Симуляционный центр Иркутской областной клинической больницы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дасти сабуки духтари тоҷик Азиза - наҷотдиҳандаи беморони коронаврус дар Русия
Зимнан, бо илова шудани як ҳолати ҷадиди фавт, теъдоди қурбониёни ин дард ба 112 нафар баробар шуд.
Ба ҳамин минвол, ҳоло теъдоди умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон ба 14177 нафар баробар шуд, ки аз ин миён 13 758 бемор комилан сиҳат ёфтаанд.
Дар арафаи ид Шӯрои уламои кишвар зарурати риояи чораҳои бехатариро ҳангоми адои намоз риоя кунанад.
Ин ниҳод аз намозгузорон даъват кард, ки бояд ниқоб пӯшанд ва дурии иҷтимоиро нигоҳ доранд.
Талабот махсусан ба пиронсолон ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин дахл дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала