Нозири барқ дар "Тоҷикматлубот" пули ҷамъкарда аз соҳибкоронро дар ҷайб задааст

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузаштан ба хазинаи аксСнятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото
Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Оҷонсии зиди фасод нозири барқро дар он муттаҳам мекунад, ки пули истифодаи барқи соҳибкоронро на ба давлат, балки ба ҷайби худ андохтааст
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Пуле, ки соҳибкорони ҷамъияти "Тоҷикматлубот" аз истифодаи неруи барқ пардохтаанд, нозири барқ азхуд кардааст, менависад дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод.
Ба иттилои манбаъ, намудааст мутахассиси техникӣ-барқчии ҶДММ "Тоҷикматлубот" буда, аз моҳи марти соли 2019 то моҳи декабри соли 2020 ба тасарруфи маблағи ин корхона аз ҳисоби истифодаи неруи барқ муттаҳам дониста мешавад.
Номбурда аз соҳибкорони корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, ки ба ҷамъияти мазкур дохил мешаванд, беш аз 500 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби истифодаи неруи барқ ҷамъоварӣ намудааст.
"Маблағи 586116,67 сомонии ҷамъовардаро ба "Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе" пардохт накарда, ҳамаашро ба манфиати шахсӣ масраф намудааст", - омадааст дар хабар.
Оҷонсӣ меафзояд, аз рӯи ин далел нисбати нозири барқ бо моддаи 245 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда.
Пас аз анҷоми тафтиш парвандаи ӯ ба суд ирсол мешавад, таъкид мешавад дар хабари Оҷонсӣ.
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Раҳмон аз барқдуздии зиёд гуфт: 12 корманди шабакаҳои барқӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Масъалаи тасарруфи маблағ аз ҳисоби нозирони барқ дар Тоҷикистон бисёр доғ аст. Моҳи феврал прокурори генералии Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон аз ҳолатҳои зиёди дуздии нозирони барқ ва ифтитоҳи парванда нисбати 12 нафар хабар дода буд.
Ба гуфтаи ӯ, вобаста ба дуздии маблағи мардуму корхонаҳо 1412 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала