Даргузашти размикори маъруфи ӯзбек Мурод Хантураев дар садамаи нақлиётӣ

© Instagram / khanturaev_teamБоец ММА Мурод Хантураев
Боец ММА Мурод Хантураев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Обуна шудан
Табибон имкони наҷоти варзишгарро надоштанд: ӯ дар ҷои садама ҳалок шуд
ДУШАНБЕ, 19 июл - Sputnik. Қаҳрамони ҷаҳон оид ба ҳунарҳои муҳорибаи омехта дар вазни вазнин, ноиби президенти ММА-и Ӯзбекистон, размикор Мурод Хантураев машҳур бо тахаллуси Хирси осиёӣ ("Азиатский медведь")пас аз садама даргузашт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Тошканд.
Гуфта мешавад, садама дар ноҳияи Бостанлики вилояти Тошканд дар роҳи автомобилгард ба сӯи минтақаи фароғатии "Чарвак" сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, варзишгар идораи мошинро аз даст додааст, ки дар натиҷа нақлиёт аз роҳ баромада, дучори садама шудааст.
© Пресс-служба УВД Ташкентской областиАвтомобиль, в котором находился боец ММА Мурод Хантураев
Автомобиль, в котором находился боец ММА Мурод Хантураев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Автомобиль, в котором находился боец ММА Мурод Хантураев
Қаблан гуфта мешуд, ки сабаби садама бархӯрд бо Chevrolet Lacetti будааст. Дар мошини варзишгар мусофире низ будааст, ки ӯ ҳоло дар беморхона бистарист.
ВКД хабар медиҳад, ки Мурод Хантураев дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мурод Хантураев 34 сол дошта, карераи касбии худро ҳамчун размикор аз соли 2013 оғоз кардааст.
Баҳодур Шарипов футболбози тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2021
Марги нобаҳангоми футболбози тоҷик дар Русия
Дар ин муддат ӯ 12 ғалаба ба даст овард (7-тои он бо нокаут) ва ду шикаст низ доштааст.
Моҳи ноябри соли 2019 Хантураев ноиби президенти Ассотсиатсияи ҳунарҳои муҳорибаи омехтаи Ӯзбекистон таъин шуд.
Охирин ҷанги ӯ моҳи сентябри соли 2019 баргузор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0