Иҷозаи баргузории намози Иди Қурбон дар кулли масоҷиди Тоҷикистон

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкПразднование Курбан-байрама в России
Празднование Курбан-байрама в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Обуна шудан
Кумитаи дини Тоҷикистон иҷозат додааст, ки намози Иди Қурбон дар кулли масоҷиди кишвар доир шавад
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Бо назардошти вазъи эпидемиологӣ Кумитаи дини кишвар гузоштани намози Иди Қурбонро дар ҳама масоҷид иҷозат додааст.
"Бо дарназардошти вазъ ва ҷиҳати пешгирӣ аз издиҳоми зиёди намозгузорон, баргузории намози Ид дар баробари масҷидҳои ҷомеъ дар ҳамаи масҷидҳои панҷвақтаи амалкунанда, ки шароиту имкони баргузории намози Идро доранд, ба таври истисно иҷозат дода шудааст," - хабар додааст, Афшини Муқим, сухангӯи ин ниҳод.
Ба намозгузорон тавсия дода шудааст, ки барои адои намози Ид ба наздиктарин масҷиди назди хонаи худ биравед ва аз ҳар гуна таҷаммуи хатарзо пешгирӣ намоед.
Дар ҳамон ҳол як ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор низ тасдиқ кард, ки ба онҳо гуфтаанд, намози Идро дар наздиктарин масҷид гузоранд.
"Масҷиди маҳаллаи мо то кунун бино бар сабаби ҳуҷҷатгузориҳо баста буд ва акнун иҷозат доданд, ки намози Идро гузорем", - афзуд манбаъ
Ӯ гуфт, ин тасмимро баҳри пешгирӣ аз паҳншавии зиёди бемории коронавирус унвон карданд.
Утренняя молитва в мечети в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Аз таҳдиди масҷидбандӣ то талаб аз намозгузорон дар Иди Қурбон: муроҷиатномаи Шӯрои уламо
Ёдовар мешавем, қаблан Шӯрои уламои кишвар аз намозгузорон қатъӣ даъват кард, ки ба масҷид бо ниқоб ва дастпӯшак ҳозир шуда, қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.
Ҳамзамон ин ниҳод гуфтааст, нафарони дорои бемориҳои музмин ва пиронсолон, ки осебпазиранд, дар хона бихонанд.
Ҳамзамон Шӯрои уламо аз аҳолӣ даъват кард, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз идгардак худдорӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0