Иттифоқи синамогарон: маросими видоъ бо Сафарбек Солеҳ 20 июл баргузор мешавад

© саҳифаи фейсбукии Сафарбек СолеҳСафарбек Солеҳ, коргардони тоҷик
Сафарбек Солеҳ, коргардони тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон бо нашри як таъзиянома макону замони видоъ бо Сафарбеки Солеҳ, коргардони марҳуми тоҷикро эълон кард
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ба пайвандону ҳамкасбони Сафарбек Солеҳ изҳори таслият карда, изҳор доштааст, ки коргардони шинохтаро аз хонаи падарӣ ба роҳи охират гусел мекунанд.
“Гусел аз хонаи падарӣ, дар маҳаллаи Тезгар, мавсум ба Нефтяник, субҳи 20 июл соати 06:00 баргузор мешавад”, - омадааст дар таъзияномаи нашркардаи Ҳақдодов.
Сафарбек Солеҳ, коргардони машҳури Тоҷикистон, зуҳри 19-уми июл дар синни 62-солагӣ дунёро падрӯд гуфт. Ӯ қаблан бо бемории коронавирус дар беморхона бистарӣ шуда буд.
Сафарбек Солеҳ, коргардони тоҷик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Охирин паёми Сафарбек Солеҳ аз беморхона: ҷаноза дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мешавад - акс
Охирин паёмро коргардони маъруф дар саҳифаи фейсбукияш 6 -уми июл аз бистари беморӣ нашр карда, ба эҳтиёткорӣ даъват намудааст. Ӯ ба табибону наздикон ташаккур гуфтааст, ки ба шарофати онҳо ҳанӯз нафас мекашад. Баъдан хабар дода шуд, ки вазъи Сафарбек Солеҳ бадтар шуда, ҳудуди як ҳафта қабл ӯ аз гап мондаст.
Сафарбек Солеҳ соли 1959 таваллуд шуда, хатмкардаи бахши забону адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1980 мебошад. Ӯ инчунин соли 2004 риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қирғизистонро хатм карда, даҳҳо филми мустанад ва ҳудуди 4 филми ҳунарӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала