Маълум шуд, ки чӣ гуна Тоҷикистон Рӯзи истиқлолиятро ҷашн мегирад

© Пресс служба президента РТПразднование дня независимости Таджикистана в Душанбе
Празднование дня независимости Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Вазорати фарҳанг гуфт, сокинону меҳмонони пойтахтро чӣ гуна барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишвар интизор аст
ДУШАНБЕ, 19 июл - Sputnik. Дар Тоҷикистон барномаҳои пешакии фарҳангӣ эълом шудааст, ки сокинон ва меҳмонони пойтахтро дар Рӯзи Истиқлолияти 9 сентябр интизор аст, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.
Дар ҷаласаи корие дар Вазорати фарҳанг, ки ба омодагӣ ба 30-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон марбут аст, маконҳои баргузории ҷашнро номбар карданд.
Ҳамин тавр, рӯзи 9 сентябр дар муассисаи "Наврӯзгоҳ" ва толори киноконсерти "Кохи Борбад" консертҳои рангоранг бо иштироки гурӯҳҳои эҷодӣ ва ҳунармандони маъруфи кишвар баргузор мешаванд.
Тақвими рӯзҳои Ид дар Тоҷикистон дар соли 2021 
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.11.2020
Тақвими рӯзҳои Ид дар Тоҷикистон дар соли 2021
Ғайр аз он, дар Душанбе дар доираи баргузории Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ сайри идона ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи муовини вазири фарҳанг Обид Назариён, омодасозии барномаҳои фарҳангӣ тибқи сенарияи тасдиқшуда аллакай оғоз шудааст.
Нақшаи чорабиниҳо барои 9 сентябрро мушовири Президенти Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шӯҳрат Азиззода ва Эмомалӣ Насриддинзода, вазири Вазорати фарҳанг Зулфия Давлатзода, муовини раиси шаҳрдори Душанбе Мавсума Муинӣ ва дигар роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ муҳокима карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала