Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Марги дигар: вазъи коронавирус дар Тоҷикистон бадтар шуд

© Sputnik / Томас ТхайцукМедицинская каталка в больнице, архивное фото
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Шумораи гирифторони нави коронавирус дар як рӯз дар ҷумҳурӣ ба 50 наздик мешавад
ДУШАНБЕ, 19 июл - Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави гирифторӣ, табобат ва марг аз коронавирусро, ки дар 24 соати гузашта сабт шуд, нашр кард.
Бино бар иттилои манбаъ, тайи шабонарӯзи охир, як ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд ва 57 ҳолати нави гирифторӣ ошкор гардидааст.
"Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 57 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 32 нафар шифо ёфтанд", - омадааст дар иттилоия.
Зимнан, бо илова шудани як ҳолати ҷадиди фавт, теъдоди қурбониёни ин дард ба 111 нафар баробар шуд.
Ба ҳамин минвол, ҳоло теъдоди умумии маризони коронавирус дар Тоҷикистон ба 14125 нафар баробар шуд, ки аз ин миён 13 717 бемор комилан сиҳат ёфтаанд.
Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Мотам дар оилаи 17 чеҳраи шинохта дар мавҷи нави короно: феҳрасти фавтидаҳою шарҳи Вазорат
Дар арафаи ид Шӯрои уламои кишвар зарурати риояи чораҳои бехатариро ҳангоми адои намоз риоя кунанад.
Ин ниҳод аз намозгузорон даъват кард, ки бояд ниқоб пӯшанд ва дурии иҷтимоиро нигоҳ доранд.
Талабот махсусан ба пиронсолон ва шахсони гирифтори бемориҳои музмин дахл дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала