Муфтиёти Русия фатвои саркашони ваксинро дод

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксПосетители международной выставки Russia Halal Expo-2019 в Казани
Посетители международной выставки Russia Halal Expo-2019 в Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Муфтиёти Русия талаб намудааст, ки ҳамаи мусалмонон бояд худ ва аҳли байташонро бо роҳи ваксин гирифтан аз коронавирус муҳофизат кунанд
ДУШАНБЕ, 19 июл – Sputnik. Муфтиёти Русия барои мусалмонҳое, ки аз гирифтани ваксин саркашӣ мекунанд, фатво додааст, менависад РИА Новости.
"Бидуни асос рад кардани ваксин ва паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ дар бораи таркиб ва оқибатҳои ваксинзанӣ қобили қабул нест.
Ҳоло, ки дар давлати мо ваксинзании ройгон роиҷ аст, аз ҳамаи мусалмонон даъват мешавад, ки худ ва наздиконашро дар мувофиқа бо табибон ҳатман ваксин кунад", - омадааст дар матни фатво.
Инчунин, дар матн дар бораи эҳтиёткорӣ ҳангоми таҷлили Иди Қурбон, риояи фосилаи иҷтимоӣ дар масҷидҳо ҳангоми адои намози ид гуфта мешавад.
Вакцина от коронавируса ЭпиВакКорона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2021
Ваксинаи сохти Русия ҳалол аст ё ҳаром? муфтиёт хостори санҷиш шуд
Илова бар ин аз рӯҳониёну кормандони шӯъбаҳо ва бахшҳои сохторӣ даъват гардидааст, ки дар минтақаҳо миёни мусалмонон мундариҷаи фатвои бароварда фаҳмонида шавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Идораи динии мусалмонони Русия аз таҳиягарони ваксин дархост намуданд, ки таркиби ин доруро ба онҳо рушан кунанд.
Дар натиҷа, пас аз шинос шудан бо таркиби дору, ин ниҳод эълон кард, ваксин барои мусалмонон ҳам равост.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала