Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Муҳриддин бо сафири Чин аз таҳвили ваксина гуфт

© ВУХ Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Лю Бин: мулоқот
Сироҷиддин Муҳриддин ва  Лю Бин: мулоқот - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Дар Душанбе масъалаи таҳвили ваксинаи чинӣ ба Тоҷикистон баррасӣ шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Манбаъ менависад, 9 июл Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфт.
"Дар мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, вазъи амнияти минтақавӣ ва таҳвили ваксинаи чинӣ ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - менависад манбаъ.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Супориши Раҳмон барои таъмини ваксин, омодагӣ ба ҷашн ва кумак ба зарардидагон аз офатҳо
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, Тоҷикистон ният дорад аз Чин ваксин алайҳи бемории коронавирусро харидорӣ кунад.
Тоҷикистон барои таъмин намудани шаҳрвандон бо ваксин, ҳудуди 3,4 миллион воя CoronoVac мехарад. Дар ин робита аллакай вазорати беҳдошти Тоҷикистон бо намояндагони Чин гуфтугӯ доир намуданд.
Муовини якуми вазири тандурустӣ, Ғафур Муҳсинзода бо намояндагони ширкати созандаи ин ваксин “Sinovac Research & Development Co. Ltd” гуфтугӯи онлайнӣ баргузор карданд.
Манбаъ меафзояд, созишномае, ки барои хариди ин миқдор воя тартиб дода шудааст, маблағи 26,8 миллион долларро талаб мекунад.
Зимнан, 25 миллион доллар аз ҳисоби гранти Бонки Осиёи Рушд ва боқимонда 1.8 миллион доллар саҳми Тоҷикистон хоҳад буд.
Вакцинация от коронавируса в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Вазорат тоҷикистониёнро ба ваксинзанӣ даъват мекунад: чанд нафар гирифту чӣ қадар не
Зикр мегардад, ки аллакай ҷонибҳо дар мавриди нарх, шарту шароити дастрасӣ, муҳлати интиқоли ваксин ба Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. Татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон феълан ду намуд ваксин дар гардиш аст, ки яке ваксини истеҳсоли бритонӣ - шведӣ буда дигаре доруи истеҳсоли Чин аст.
Дар Тоҷикистон бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди мубориза бо коронавирус афроди аз 18 - сола боло бояд ба тавриҳатмӣ ваксин гиранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала