Наҷоти ҷавонзане, ки мехост худро ба рӯди Сир партояд

© Sputnik / Стас ЭтвешПанорама города Худжанд, архивное фото
Панорама города Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Обуна шудан
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар шаҳри Хуҷанд занеро аз худкушӣ наҷот додаанд
ДУШАНБЕ, 19 июл - Sputnik. Як зани 27 сола, сокини ноҳияи Спитамен, ки мехост худро ба дарёи сир андозад, кормандони КҲФ дар шаҳри Хуҷанд ӯро наҷот доданд.
Дар ин бора аз Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, ба қисми навбатдории Раёсат хабар расид, ки зане дар болои пули Сирдарё мехоҳад худро ба об андохтаву худкушӣ кунад.
"Бо дарёфти хабар кормандони мо зуд ба ҷойи ҳодиса расида, бо роҳи гуфтугӯ ӯро аз ин амалаш наҷот доданд", - афзуд манбаъ.
Манбаъ сабаби даст ба худкушӣ задани зани ҷавонро шарҳ наду гуфт, ин паҳлӯи қазияро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ доранд.
Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати наҷоти афроде, ки дар руди Сир қасди худкушӣ доштанд, набуда, дар гузашта низ кормандони КҲФ ва БДА аз чунин ҳолатҳо пешгирӣ карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0