Силсилаи размоишҳои густурдаи нерӯҳои таъйиноти махсуси Русия дар марз бо Афғонистон

© Пресс-служба ЦВОРоссийские мотострелки уничтожили условные террористические группы на учениях в Таджикистане
Российские мотострелки уничтожили условные террористические группы на учениях в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Обуна шудан
Вазъият дар Афғонистон босуръат муташанниҷ мешавад, хавфи интиқоли ноустуворӣ ба давлатҳои ҳамсоя меафзояд
Маскав набзи минтақаро нигоҳ медорад, бо Толибон* дар тамос асту онҳоро аз талафоти бузург дар сурати гузариш ба кишварҳои иттифоқчӣ дар Осиёи Марказӣ ҳушдор медиҳад. Маскав ба ваъдаҳои “дафтари сиёсӣ” - и ташкилоти террористӣ эътимод надорад ва машқҳои муштараки бесобиқа бо муттаҳидони минтақавӣ дар наздикии марзҳои Афғонистонро роҳандозӣ мекунад.
Воҳидҳои вижа ва посдори сулҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия дар моҳҳои август ва сентябр нӯҳ машқҳои муштараки зиддитеррористиро бо низомиёни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор мекунанд. Ин силсилаи размоишҳо аз рӯи миқёсашон бо интиқоли якчанд дивизияҳо ва бригадаҳои Русия ба марзи Украина дар моҳи апрели соли 2021, баробарвазн арзёбӣ мешавад. Ин размоишҳо бо тамринҳои стратегии “Миссияи сулҳи 2021” нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон) бо иштироки зиёда аз 4 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ анҷом меёбад. Агар воқеияти Афғонистон тасҳеҳе дар нақшаҳоро ворид накунад.
Жизнь памирских кыргызов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
КДАМ: фирориёни қирғизтабори Афғонистон Тоҷикистонро тарк карданд
Дар самти Осиёи Марказӣ тақрибан тамоми элитаи нерӯҳои махсуси Русия метавонанд тамрин кунанд. Ба рӯйхати иштирокчиёни размоишҳо воҳидҳои қувваҳои махсуси артиш, бригадаҳои алоҳидаи махсус 2 ва 24 махсус (маконҳояшон дар Псков ва Новосибирск), бригадаи 31-уми ҷудогонаи десантӣ (Уляновск), бригадаи 55-уми кӯҳӣ (Кизил), бригадаи 15-уми посдорони сулҳ (вилояти Самара), ки мутахассисонаш дар Қарабоғи Кӯҳӣ хизмат мекунанд, номбар карда шудаанд. Ғайр аз ин, гурӯҳҳои ҳавоии пойгоҳҳои низомии Русия дар Қирғизистон ва Тоҷикистон, низомҳои мушакии С-300 аз пойгоҳи низомии 201 ҷалб карда мешаванд. Эҳтимол дорад, ки Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон низ воҳидҳои махсусашонро барои амалиёт дар минтақаҳои баландкӯҳи душворгузар ба ин размоишҳо равона созанд.
Сарфи назар аз кафолати амниятие, ки намояндагони Толибон* додаанд, Русия ва ҳампаймонҳои он дар Осиёи Марказӣ бояд ба сенарияҳои бадтарини муқовимати мусаллаҳона дар Афғонистон омода шаванд. Нерӯҳо барои нобудсозии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ бояд дар ҳолати омодабош қарор гиранд. Ҷангиёни даҳҳо гурӯҳҳои террористӣ метавонанд аз вазъи душвор, бесарусомонии ҷанг дар ҷумҳурии ҳамсояи исломӣ истифода баранд.

Ривоятҳои наздик ба воқеият

Дар марҳилаи аввал, оғози моҳи август, гурӯҳи муштараки низомиёни Русия ва Ӯзбекистон амалиёти ҷангиро дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон - дар наздикии марз бо Афғонистон таҳия хоҳанд кард. Русияро гурӯҳҳои иктишофии бригадаи алоҳидаи 24-уми таъиноти махсуси ҳавзаи марказии ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои бригадаи 15-уми посдори сулҳ намояндагӣ мекунанд. Сатҳи баланди касбии ин нерӯҳо ҷавобгӯи ҳадафҳои гузошташуда, аз ҷумла нобуд кардани ҷангиён ва ба эътидол овардани вазъ дар минтақа зимни амалиёти кӯтоҳи ҳифзи сулҳ ҷавобгӯ аст. Дар айни замон, дастгирии ҳавоӣ тавассути ҳавопаймоҳои зарбазани идорашаванда ва бесарнишин таъмин карда мешавад.
Дар тамрингоҳи Ӯзбекистон дар Тирмиз нерӯҳои махсуси Русия мунтазам тамрин мекунанд. Одатан дар ин ҷо барномаи безараргардонии фаврии гурӯҳи террористӣ пас аз убур аз марз ва забти яке аз нуқтаҳои аҳолинишини Ӯзбекистон амалӣ карда мешавад.
Делегация политического офиса движения Талибан (запрещено в РФ) в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Коршиноси низомӣ гуфт, чаро давлати Афғонистон наметавонад бо Толибон ба тавофуқ расад
Машқҳои муштараки нерӯҳо дар марҳилаи дуввум дар тамрингоҳи "Эделвейс" дар Қирғизистон ҷараён мегиранд. Дар доираи тамринҳои махсуси “Сарҳад-2021” Нерӯҳои дастаҷамъии сареи минтақаи Осиёи Марказӣ (СААД) пешгирӣ ва нобуд кардани гурӯҳҳои террористии аз ҷануб воридшавандаро машқ хоҳанд кард. Нерӯҳои Русияро бригадаи 55-уми ҷудогонаи кӯҳии тирандози савора ва ҳавопаймои ҳамлагари Су-25СМ аз пойгоҳи низомии Русия дар Кант намояндагӣ мекунанд. Ин ҳавопаймоҳо аллакай моҳи июл ба ҷустуҷӯи пойгоҳҳои пинҳонкардашудаи “террористон”-и шартӣ дар минтақаи кӯҳии Қирғизистон шурӯъ карданд.
Охири тобистон ва оғози тирамоҳ барои пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон гарм хоҳад буд. Тақрибан 100 низомӣ аллакай дар маркази таълимии “Ергаки” дар Красноярск дар баландии то 3000 метр мутобиқшавӣ ба баландкӯҳро ба итмом расониданд. Дар ҳайати пойгоҳи 201 –ум чанд баталони савораи тирандоз, дивизиони артиллерӣ, гурӯҳи ҳавоӣ ва воҳидҳои таъминот дохил мешаванд.
Лидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Мусоҳиба бо Устод Ато: аз ҷанги Шимолу Толибон* то тоҷикону фирор аз Афғонистон
Дар самти стратегии Осиёи Марказӣ бояд тамоми иқтидори Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия, ки пойгоҳи 201 ба он тобеъ аст, ба назар гирифта шавад. Масалан, дар соли 2021, ҳавза шумораи халабонҳои ҳавопаймоии тактикиро, ки барои истифодаи яроқи идорашаванда омӯзиш дидаанд, ду баробар зиёд кард. Тирандозҳои Ҳаврзаи марказии ҳарбӣ системаи идоракунии худкори оташро бо истифодаи алоқаи радио роҳандозӣ намуданд. Таҷҳизоти низомӣ компютерикунонида шудааст ва додаҳо дар хазинаи маълумот вақти зарбаҳои артиллерияро хеле коҳиш медиҳанд. Танҳо дар моҳи июн, ҳавза 180 адад номгӯй силоҳи нав гирифт.
Гурӯҳи фаврии Ситоди муштараки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) вокунишҳои эҳтимолиро ба таҳдидҳои низомии бархоста аз Афғонистон мустақиман дар Тоҷикистон тарҳрезӣ мекунад.

Вазъи оперативӣ

Дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, ҳазорҳо нафар пас аз забткориҳои Толибон* маҷбур шуданд хонаҳои худро тарк намоянд. Ҳамлаи ҷангиёнро силоҳҳои амрикоӣ, ки пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО монда будаанд, тақвият бахшид (ба ин васила, “аморат” тақрибан 10 ҳазор таҷҳизот гирифт). Рушди минбаъдаи рӯйдодҳо пешгӯинашаванда аст, тамоми сарҳади Афғонистонро сахт бастан мумкин нест.
Ӯзбекистон, Иёлоти Муттаҳида, Покистон ва Афғонистон тасмим гирифтанд, ки барои дастгирии раванди сулҳи Афғонистон платформаи нави машваратии чаҳорҷониба созмон диҳанд. Пас аз он ки Иёлоти Муттаҳида амалиётро дар Афғонистон ба анҷом расонд, сарбозони худро 95% хориҷ кард ва дар аввали моҳи июл пойгоҳи ҳавоии Багромро тарк кард, ҳамаи платформаҳои гуфтушунид бо иштироки амрикоиҳо ба назар эътимодбахш намебошанд.
Низомиддин Қайсорӣ, Раҳбари Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Ин толиб нест, ДОИШ* аст" – мусоҳибаи тасодуфӣ бо фармондеҳи Дӯстум
Покистон эълон кард, ки 17 июл конфронси сулҳи Афғонистонро баргузор мекунад. Аммо дар айни замон, Кобули расмӣ гуфт, огоҳӣ гирифтааст, нерӯҳои ҳавоии Покистон омодаанд зарба зананд, агар афғонҳо талоши тангсозии Толибонро аз минтақаи Спин Болдак (дар марз бо Покистон) анҷом диҳанд.
Нашрияи Project Syndicate мунсифона қайд мекунад: “ИМА афғонҳоро дар ихтиёри як нерӯи ғоратгари ба ном исломӣ, бо таҷрибаи тӯлонии ваҳшоният мегузорад. Аллакай, ҳамлаи Толибон* ба оворагии даҳҳо ҳазор ғайринизомӣ оварда расонд”.
Дар пасманзари муваффақиятҳои Толибон*, хабаргузории туркии Anadolu Ajansı густариши ногузири ҳамкориҳои низомии Русия бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто ифтитоҳи пойгоҳҳои нави Русияро дар кишварҳои минтақа пешгӯӣ мекунад, "пеш аз ҳама, дар Ӯзбекистон ", ки узви СААД нест. Вақт нишон хоҳад дод.
* – созмони террористии мамнӯъ дар Русия, Тоҷикистон ва бархе кишварҳо
Лентаи хабарҳо
0