Нодуруст аст: Эрдуғон дар бораи забти Толибон минтақаҳои гуногуни Афғонистон

© AFP 2023 / ADEM ALTANПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Туркия гуфт, ки Толибон* барои таъмини амнгияти фурудгоҳи Кобул аз сӯи нерӯҳои Туркия зиддият надоранд
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон ахиран змни як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Истамбул иброз дошт, ки ҷунбиши тундгарои Толибон (мамнӯъ дар қаламрави Русия) барои таъмини амнгияти фурудгоҳи Кобул аз сӯи нерӯҳои Туркия зиддият надоранд, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.
"Ҳеҷ изҳороте нашудааст, ки Толибон* Туркияро (дар Афғонистон) намехоҳанд. Толибон мавқеи маъмурияти Туркияро дар ин масъала хеле хуб медонанд. Мо нақшаҳои муайян дорем ва ба онҳо вафо мекунем. Мо умедворем, ки дар оянда бо Толибон гуфтушунид хоҳем кард, - таъкид кард Эрдуғон.
Ғайр аз он, ӯ "амалҳои ишғолгаронаи" гурӯҳи Толибонро нодуруст номид ва даъват кард, ки ба онҳо хотима диҳанд.
Афганские ополченцы присоединяются к силам обороны Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2021
Толибон ба Туркия "Go home" мегуянду таслимшудаҳоро тирборон мекунанд: боз чӣ
Пас аз эълони президенти Амрико Ҷо Байден дар бораи ба итмом расонидани амалиёти Нерӯҳои мусаллаҳи ИМА дар Афғонистон ва нақшаи хуруҷи нерӯҳо, вазъ дар кишвар якбора бад шуд.
Чанде пеш Пентагон хабар дод, ки хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон беш аз 95% ба итмом расидааст. Дар баробари ин, ҷунбиши Толибон*, ба гуфтаи намояндагони ин созмон, тавонистааст наздик ба 85% қаламрави Афғонистон, аз ҷумла минтақаҳои наздимарзӣ бо панҷ кишвар - Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон ва Туркманистон зери назорати худ бигирад.
* - созмони терррористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0