Номбардорони кишвар: варзишкороне, ки Тоҷикистонро дар бозиҳои Олимпӣ шуҳрат доданд

Дар арафаи ифтитоҳи бозиҳои деринтизори Олимпии соли 2020 дар Токио Sputnik Тоҷикистон рӯйхати машҳуртарин варзишкорони кишварро, ки дар тӯли солҳои гуногун дар ин мусобиқа иштирок доштанд, таҳия кард
Шурӯъ аз замони Олимпиадаи соли 1972 дар Мюнхен, ки дар он ҷо варзишгари ҶШС Тоҷикистон Юрий Лобанов дар сабқати қаиқронӣ медали тилло ба даст овард, варзишгарони тоҷик дар дигар бозиҳои Олимпӣ низ муваффақ шуданд.
Охирин медали тиллоро барои Тоҷикистон дар варзиши гурзандозӣ варзишгари номдор Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Рио-2016 ба даст овард.
Зебинисо Рустамова дар тирандозӣ аз камон ва Андрей Абдувалиев дар варзиши гурзандозӣ низ дар солҳои гуногун сазовари медали олимпӣ шуданд.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар варзиши гуштии озод Юсуф Абдусаломов, дар бахши дзюдо Расул Бокиев, ва инчунин муштзани маъруф Мавзуна Чориева соҳиби медали олимпӣ гаштанд.
Боз як рӯйдоди муҳими варзишии сатҳи ҷаҳонӣ дар пеш аст – Боварӣ дорем, ки дар бозиҳои олимпӣ дар Токио - 2020 варзишкорони кишвар низ сазовари ҷойҳои баланд мешаванд ва ба Тоҷикистон бо медалҳои Олимпӣ меоянд.
Аз Тоҷикистон ба Олимпиада варзишкорони зерин мераванд: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров, Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов, Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Ахмадиев, Анастасия Тюрина, Олимҷон Зуҳон.
Бозиҳои олимпӣ Токио - 2020 санаи 23 июл оғоз ёфта, то 8 августи соли 2021 идома хоҳанд ёфт.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала