Бозори арзи Тоҷикистон: БМТ қурби рубл, доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ эълон кард

6244337 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар ҳафтаи нав эълон кард, ки нисбат ба сомонӣ қариб бетағйир мондааст
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод арзиши 1 рубли русӣ 0.1521 сомонӣ мебошад.
Қурби доллар бошад, нисбат ба нишондоди ҳафтаи гузашта тағйир наёфта, 1 доллари ИМА 11.3225 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ коҳишёбиро идома медиҳад.
Дар Тоҷикистон имрӯз як евро 13.3764 сомонӣ муқаррар шудааст. Дирӯз дар бозори арз арзиши як евро дар марзи 13.3606 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Доллары на столе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Рубл ё доллар: коршинос беҳтарин асъор барои пасандоз дар 12 моҳи ояндро гуфт
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 1.3225 то 11.3400 сомонӣ, барои евро аз 13.3764 то 13. 5000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1523 то 0.1540 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала