Беш аз 9 ҳазор волидонро дар Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашиданд

© Sputnik Амир ИсаевПредседатель Верховного суда Шермухаммад Шохиён
Председатель Верховного суда Шермухаммад Шохиён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Дар Тоҷикистон барои нақз шудани қонун дар бораи Масъулияти волидон дар тарбияи дурусти кӯдакон, даҳҳо падару модарро ба ҷавобгарӣ кашиданд
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Судҳои Тоҷикистон дасти кам 9 138 парвандаро мавриди санҷиш қарор доранд, ки ҳамаи онҳо нақзи қонун дар бораи Масъулияти волидон дар таълиму тарбияи кӯдакон мебошад.
Дар мавриди нақз шудани ин қонун ва ҳамчунин маблағи ҷаримаи волидон, Шермуҳаммади Шоҳиён раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон гуфт.
Ба гуфтаи Шоҳиён маблағи умумии ҷаримаи волидон 743.5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар Тоҷикистон ҳарчанд масъалаи бо худ гардондани корд ва дигар силоҳи сард шадидтар шудааст, вале бештари хонандагон маҳз бо ин намуд силоҳ ба дабистон меоянд, ки дар натиҷа аснои сар задани ягон нафаҳмӣ миёни наврасон аз силоҳ истифода мешавад. Оқибати ин ҳодисаҳои нангин боиси ҷарима ва ё ба ҷавобгарӣ кашидани волидон мешавад.
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2021
Ҷаримаи падаре, ки нагузошт духтараш таҳсил кунад: гуфтааст, шароит надорад
Барои шадидтар кардани назорат, аз ҷониби кормандони милиса ҳатто дар мактабу донишгоҳҳои амалиёти "Корд" пиёда гардид, ки шумораи зиёди донишомӯзони силоҳдор ошкор ва волидони онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Зимнан, масъалаи садди роҳи таълим гирифтани кӯдакон низ боиси ба ҷавобгарӣ кашидани волидон мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳанӯз 2 августи соли 2011 қабул гардида буд.
Мақсад аз қабули қарори мазкур,коҳиш додани ҷинояту авбошӣ миёни ноболиғон аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала