Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Мақомоти Тоҷикистон 21 январи соли 2022 аз бозгашти сеюмбораи коронавирус ба кишвар хабар доданд

25 рӯз зери дастгоҳи нафаскашӣ: даргузашти боз як табиби тоҷик Назокат Бузрукова

© Sputnik / Амир Исаев Маросими видоъ бо ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов
Маросими видоъ бо ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Обуна шудан
Ӯ ҳудуди як моҳ дар шӯъбаи бемориҳои сироятии бемористони рақами 3-уми шаҳри Душанбе маъруф ба "1-ум Советский" бистарӣ буд
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Табиби тоҷик, номзади илмҳои тиббӣ, неонатолог (табиби кӯдакон), устоди Донишгоҳи тиббӣ Назокат Бузрукова даргузашт. Дар ин бора наздикони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
"Субҳи имрӯз дотсенти кафедраи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, неонатолог, номзади илмҳои тиббӣ Бузрукова Назокат Ҷалоловна даргузаштанд. Ба наздиконашон сабр мехоҳам. Ӯ то абад дар қалбҳои мо хоҳад монд", - менависад корбари гурӯҳи "Пизишкони Тоҷикистон" дар Facebook.
Тавре манбаи Sputnik Тоҷикистон хабар дод, Назокат Бузрукова як моҳ пеш дар пайи гирифторӣ ба бемории коронаиврус ба дар шӯъбаи бемориҳои сироятии бемористони рақами 3-уми шаҳри Душанбе маъруф ба "1-ум Советский" бистарӣ шуда будааст.
"25 рӯзи ахир ҳолашон ваҳим буд ва зери дастгоҳи нафаскашӣ қарор доштанд", - афзуд вай.
Назокат Бузрукова дотсенти кафедраи неонатологияи ДДТТ, узви Шӯрои марказии илмӣ ва методии донишкада, мушовирони шӯъбаи будубоши муштараки "Модар ва кӯдак-2" -и таваллудхонаи шаҳрии №3 буд.
Ҷаноза. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Бадшавии вазъи коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат боз як ҳолати маргро тасдиқ кард
Ӯ дар умум 40 сол собиқаи корӣ дар соҳаи тибб дошт, ки аз он 34 солашро дар соҳаи таълими соҳа сарф кардааст.
Назокат Бузрукова ҳамагӣ 67 сол дошт.
Ин дар ҳолест, ки боз як табиби машҳур, ҷияни Назокат Бузрукова, Шоира Бузрукова соли гузашта айнан дар ҳамин моҳ ва аз бемории корнавирус даргузашта буд.
Шоира Бузрукова, сартабиби таваллудхонаи вилоятии Суғд, номзади илмҳои тиб вакили мардумӣ дар Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Хуҷанд низ буд.
Лентаи хабарҳо
0