Боздошти корманди бонк: як миллион сомонии мардумро бо роҳи қаллобӣ гирифтааст

© Sputnik / Anar MustafayevДевушка в наручниках, фото из архива
Девушка в наручниках, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Дар сурати исботи гуноҳ, боздоштшуда ҳама маблағи гирифтаашро баргардон хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Шаҳноза Иброҳимова, корманди Бонки Эсхата дар минтақаи Кӯлоб бо иттиҳои азхудсозии беш аз як миллион сомонӣ боздошт гардидааст
Боздоштшуда ба ин кор замони мутахассиси шуъбаи қарздиҳии Бонки Эсхата буданаш даст задааст.
Дар ин бора Хушбахт Машрабзода, прокурори Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб зимни нишасти матбуотияш иттилоъ додааст, менависад Нашрияи “Пайк”, расонаи минтақавии Кӯлоб.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Боздошти ду корманди Вазорати молия барои азхудсозии беш аз 4 миллион маоши кормандон
Хушбахт Машрабзода гуфтааст, хонум Иброҳимова бо гирифтани беш аз 1 миллион сомонии мардум бо роҳи қаллобӣ гумонбар дониста мешавад ва боз ҳам аризаҳои шикоятӣ нисбаташ ворид шуда истодаанд ва маблағ ҳоло ҳам аниқ муайян нест.
Ба иттилои манбаъ, нисбати Иброҳимова, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти аввали парванда аз ҷониби мақомоти Прокуратураи минтақа анҷом шуда, ҳоло он дар Прокуратураи генералӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.
Гуфта мешавад, боздоштшуда маблағро бо роҳҳои гуногун гирифта ва дар сурати исботи гуноҳ гумонбар кулли маблағҳои гирифтаашро ҷуброн хоҳад кард.
Назари бевоситаи Иброҳимова ва ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин иттиҳомот феълан дастрас нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала