Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Даргузашти профессор Намоз Бердиев: қурбонии дигари COVID дар Иди Қурбон

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Корманди шоистаи илми Тоҷикистон, доктори илмҳои биология, профессор Намоз Бердиев даргузашт
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Намоз Бердиев, корманди шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, дар синни 82 -солагӣ дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон аз олам чашм пӯшид.
Дар ин бора, дар шабакаҳои иҷтимоӣ шогирдону ҳамкасбони марҳум хабар додаанд.
Гуфта мешавад, ки ҷанозаи Намоз Бердиев вақти намози аср (соати 18:00 ) дар кӯчаи Шоҳтемур 57 баргузор мешавад.
Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ сабаби фавти профессор бемории ҳамагир - вируси корона будааст.
Гуфта мешавад, ки Бердиев наздики се ҳафтаи охир бо ин вабои аср мубориза мебурд.

Зиндагиномаи Намоз Бердиев

Намоз Бердиев 23 январи соли 1939 дар деҳаи Митани ноҳияи Иштихони вилояти Самарқанд дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст.
Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи кишоварзии Самарқанд ба факултаи байторӣ дохил шуд.
Бердиев фаъолияти амалии худро дар Кангурт (ноҳияи ҳозираи Темурмалик) оғоз кардааст.
Пасон аспиранти Институти илмӣ-тадқиқотии ветеринарии Вазорати кишоварзӣ шуда рисолаи номзадиро бомуваффақият дифоъ кард ва ҳамчун ходими хурди илмӣ ба фаъолият пардохт.
Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Мотам дар оилаи 17 чеҳраи шинохта дар мавҷи нави короно: феҳрасти фавтидаҳою шарҳи Вазорат
Соли 1969 Намоз Бердиев ба тариқи озмун ба вазифаи корманди калон интихоб шуда, соли 1976 роҳбари лабораторияи марказии илмии Институти тиббии Тоҷикистон таъин гардид.
Соли 1982 ба ӯ унвони илмии доктори илмҳои биологӣ ва дар соли 1990 - унвони профессори кафедраи биология дода шуд.
Намоз Бердиевич солҳои зиёд ҳамчун мудири кафедраи биология бо асосҳои генетика, ҳамзамон раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони ДДТТ ва сипас муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДДТТ кор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала