Дипломати рус мегӯяд, аз қаламрави Тоҷикистон сӯи Толибон* оташ кушодаанд: вокуниши онҳо

© Sputnik / Владимир Песня / Гузаштан ба хазинаи аксЗамир Кабулов, архивное фото
Замир Кабулов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Ҷангиёни созмони террористии Толибон* талоши убури марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро накардаанд
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Ягон далели қасди Толибон* барои убури марзи Тоҷикистону Афғонистон ба қайд гирифта нашудааст, изҳор дошт Замир Кобулов, фиристодаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон ва мудири Департаменти дуюми ВКХ Русия.
Ӯ зимни суҳбати онлайнӣ дар бошгоҳи байналмилалии мубоҳисавии “Валдай”, зикр намудааст, ки ҳудуди 1600 низомии афғон ба Тоҷикистон фирор намуда, аллакай аз қаламрави ин ҷумҳурӣ сӯи ҷангиёни Толибон* оташ кушодаанд.

“Аз дарёи Панҷ гузашта, онҳо аз соҳили дигар, аллакай аз қаламрави Тоҷикистон сӯи гуруҳи Толибон* оташ кушоданд”, - изҳор дошт дипломат.

Ӯ афзуд, дар ҳамин ҳол ҷангиёни Толибон* аз сӯи роҳбарияташон фармон гирифтанд, ки сӯи марзи Тоҷикистон оташ накушоянд.
Кобулов изҳори боварӣ намудааст, ки Толибон* қаламрави Афғонистонро гирифта истодаанду таваҷҷуҳе ба ҳудуди кишварҳои ҳамсоя надоранд. Фиристодаи Путин гуфт, дар ин бора Толибон* тайи 7 соли охир пайваста таъкид мекунанд. Ӯ афзудаст, ки Толибон* бо нерӯҳои дигари террористӣ, аз ҷумла ДОИШ*, ки қасди қаламрави кишварҳои ҳамсоя, Осиёи Марказӣ, Покистон ва Эронро доранд, мубориза мебаранд.
Таркишҳо вақти хондани намози ид аз ҷониби Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллӣ ва мақомдорони дигари афғон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Як қад париданду тарки намоз накарданд: видеои намози иди Ғанию Абдуллоҳ ҳангоми таркишҳо
Даргирӣ миёни Толибон* ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз ин кишвар шиддат гирифта, ҷангиёни созмони мамнӯъ бисёре аз волусволиҳо аз ҷумла қисми зиёди марз бо Тоҷикистонро зери назорати худ гирифтаанд.
*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала