Ғанӣ: Толибон ҳеҷ ният ва иродае барои сулҳ надоранд

© AFP 2023 / WAKIL KOHSAR Президент Афганистана Ашраф Гани
 Президент Афганистана Ашраф Гани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Афғонистон дар паёми идонааш ба Толибон* гуфтааст, ки гирифтани Афғонистн бо мушак ғайри имкон аст, агар қудрат мехоҳед бояд “султони қалб”-ҳо шавед
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дафтари раисҷумҳури Афғонистон хабар додааст, ки Муҳаммад Ашраф Ғанӣ субҳи имрӯз пас аз намози Ид зимни суханрониаш дар қасри раисҷумҳур гуфт, ки рафтор ва амалкарди гурӯҳи Толибон* нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ ҳеҷ ният ва иродае барои сулҳ надоранд.
"Мо ҳайати худро фиристодем, то итмоми ҳуҷҷат кунад ва возеҳ бигуед мо иродаи қотеъ барои сулҳ ва амният дорем, магар онон (Толибон*) ният ва ирода надоранд, бояд мо дар ин бора тасмимҳои муҳим бигирем", - гуфт гуфт раисҷумҳури Афғонистон.
Вай инчунин раҳоии беш аз панҷ ҳазор зиндонии Толибонро*, ки ҳадафи эътимодсозӣ ва ба мизи музокира кашидани ин гурӯҳ буд, як иштибоҳ бузург хонд.
Раисҷумҳури мегӯяд, ки қабл аз раҳо кардани ин афрод, авоқиби бади онро ба хориҷиҳо дар миён гузошта буд.
Афганские власти и талибы не договорились. Почему провалились переговоры в Дохе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ноумедӣ аз музокироти Доҳа: ояндаи Афғонистон чӣ мешавад - видео
Ба гуфтаи Ғанӣ, маҳбусони озодшуда ба ҷанг баргаштанд. Вай ба Анас Ҳаққонӣ ва Мали Хон ишора кард ва гуфт, ки маҳз ҳаминҳо феълан ҷанги Толибонро* идора мекунанд.
Раисҷумҳури Афғонистон бо ишора ба афзоиши ҳамлаҳои Толибон* ва хароб шудани иншоотҳои мардумӣ гуфт, ки имрӯз мардуми Афғонистон ба Толибон* саволҳои ҷиддӣ доранд.
Оқои Ғанӣ гуфт, ки паёми Толибон* танҳо паёми марг ва торикӣ буд. "Шумо чӣ паёми мусбате барои мардум доред?" Вай аз Толибон* суол кард.
Оқои Ғанӣ ба Толибон* муроҷиат карда гуфт: "чаро шумо чашми ободии Ватанро надоред? 260 бинои ҳукуматӣ, ки бо хуни ҷигари мардуми Афғонистон сохта шудаанд, вайрон шуда аст. Чаро ҳуббулватан барои шумо нанг аст? Чаро эъдоми саҳроӣ мекунед? Чаро ба худравҳо бомб мегузоред? Чаро уламои диниро террор мекунед".
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Нодуруст аст: Эрдуғон дар бораи забти Толибон минтақаҳои гуногуни Афғонистон
Вай бо ишора ба мушакпартоии имрӯз гуфт: "Шумо наметавонед ин кишварро бо мушакҳо бигиред, балки ин кишвар қалб мехоҳад ва шумо “султони қалб”-ҳо Афғонистон шавед ва дар як раванди миллӣ иштирок кунед то мардум шуморо интихоб кунанд".
Дар қисми дигари баромади худ, раисҷумҳури Афғонистон ба ташдиди ҷанг ва суқути вулусволиҳо пардохт ва гуфт, ки плони оҷил барои тағйири вазъият рӯи даст гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҷангиёни Толибон* аз оғози хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз Афғонистон фаъолтар шуданд. Ҳоло дар аксар манотиқи Афғонистон ҷангҳои пуршиддат миёни нерӯҳои давлатӣ ва ин гуруҳ идома дорад.
* - ҷунбиши радикалии манъшуда дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки ташкилоти террористӣ эътироф шудааст.
Лентаи хабарҳо
0