Заҳролудшавии беш аз 20 шаҳрванди Ӯзбекистон дар хобгоҳи Толятти

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookБольничная палата в Центре кардиологии и сердечно-сосудистой хирургии Согдийской области
Больничная палата в Центре кардиологии и сердечно-сосудистой хирургии Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Феълан 13 муҳоҷири ӯзбекистонӣ бо аломатҳои заҳролудшавӣ бистарӣ аст
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Бисту се шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар хобгоҳи Толятти зиндагӣ мекарданд, заҳролуд шуданд.
Дар натиҷа, 13 нафари онҳо дар шуъбаи бемориҳои сироятии ноҳияи Комсомолск, воқеъ дар кӯчаи Зеленая, 15 бистарӣ гардиданд.
Ҳодисаи нохуш шабонгоҳ рух додааст. Дар ин бора РИА Новости бо такя ба хадамоти матбуоти прокуратураи вилояти Самара иттилоъ медиҳад.

"Тибқи маълумоти пешакӣ, шаби 20 июл, 23 шаҳрванди хориҷӣ, ки дар хобгоҳи Толятти зиндагӣ мекарданд, якбора бемор шуданд. Дар натиҷа 13 нафар бо аломатҳои заҳролудшавӣ дар беморхона бистарӣ гардид", - гуфт мусоҳиби агентӣ.

Вазъи ҳамаи беморони бистаришуда қаноатбахш арзёбӣ мешавад.
"То соати 6.00 (бо вақти Маскав 5.00), ҳамаи беморон вазъи муътадил доштанд", - гуфтааст манбаъ.
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2021
Ҳалокати 5 донишҷӯи ҳамхона бар асари заҳролудшавӣ
Аз рӯи ин далел, прокурори ноҳияи Марказии Толятти Рамис Собирзянов санҷиш мегузаронад.
"Аз рӯи санҷиш, қонунияти фаъолияти корфармоён, ки масъули буду бош, ҷойгоҳ ва хӯроки муҳоҷирон ҳастанд, арзёбӣ карда мешавад", - шарҳ доданд дар прокуратура.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала