Ҳамла ба қасри президент ҳангоми намози Иди Қурбон дар Кобул - видео

© Sputnik / Александр Гращенков / Гузариш ба медиабонкГород Кабул, архивное фото
Город Кабул, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Обуна шудан
Якчанд мушак дар назди қасри президент дар маркази Кобул ҳангоми намози дастаҷамъона афтодааст
ДУШАНБЕ, 20 июл - Sputnik. Дар вақти намоз ба ифтихори Иди Қурбон якбора дар назди қасри президент дар Кобул якчанд таркиш шунида шуд, менависад Tolo News.
То кунун маълум аст, ки дар маркази шаҳр якчанд мушак афтодааст.
"Мушакҳо ҳангоми намози Иди Қурбон дар наздикии қасри президент дар маркази Кобул афтоданд", - гуфта мешавад, дар иттилоияи шабакаи телевизионӣ.
Гуфта мешавад, таркишҳо ҳангоми адои намози дастаҷамъона шунида шудаанд.
Шабакаи дигари телевизионии 1TV хабар медиҳад, ки дар назди қаср якбора се таркиш шунида шуд. Маълумоти дигар дар бораи талафот ва харобӣ ҳанӯз гузориш дода нашудааст.
То кунун ягон гуруҳе ин ҳамалотро ба дӯш нагирифтааст.
Бо вуҷуди ин ҳодиса, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар маросими анъанавии намози ид пас аз Иди Қурбон суханронӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0