“Ид мотам шуд”: наворҳои селҳои маргбор дар Суғд - видеоҳо

© Саҳифаи "Телевизиони Тоҷикистон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ тайи як рӯзи охир селҳои харобиовар рух доданд, ки баробари хисороти зиёди моддӣ талафоти ҷонӣ низ дар пай доштанд. То ҳол аз марги 12 нафар хабар дода шудааст, ки миёнашон кӯдакон низ мебошанд
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Шаҳрдории Панҷакент теъдоди қурбониёни сели шоми 19 июлро дар деҳоти ин шаҳр 12 нафар гуфт, ки то ҳол ҷустуҷӯи ҷасади ду нафарашон идома дорад.
Бархе аз сокинони деҳаи Киштудаки поёни Панҷакент гуфтанд, сел дар чарогоҳи тобистона одамонро, ки миёнашон кӯдакон низ будаанд, зер кардааст. Теъдоди кӯдакони ҳалокшуда чор нафар арзёбӣ мешавад. Сел ва фоҷиа дар шимоли Тоҷикистон дар ҳоле рух доданд, ки мардуми кишвар 20 июл иди Қурбонро таҷлил мекарданд. Дар ин рӯз дар Панҷакент ҷасади қурбониёни селро ба хок супурда, кофтукоби ҷасадҳои боқимонда идома дорад.
Боронҳои шадиди рӯзи гузашта тамоми водии Зарафшонро фаро гирифта дар ноҳияиҳои Айниву Масчоҳ низ харобиҳо овардааст.
Дар ҳамин ҳол Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, хавфи фаромадани сел дар бархе аз манотиқи ҷумҳурӣ тайи ду рӯзи оянда боқӣ хоҳад монд.
Ба иттилои Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, фаромадани сел ду рӯзи оянда дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконпазир аст.
Селҳои харобиовар дар Суғд дар ҳоле рух доданд, ки қаблан дар ҷануб ва шарқи Тоҷикистон низ селхезию заминларза рух дода, даҳҳо хонаводаро бесарпаноҳ карданду талафоти ҷонӣ дар пай гузоштанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала