Кабулов: Русия далел дорад, ки ИМА бо ДОИШ* ҳамкорӣ мекунад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксСпециальный представитель президента России по Афганистану, директор Второго департамента Азии Министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов
Специальный представитель президента России по Афганистану, директор Второго департамента Азии Министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Нишондодҳои мақомоти Афғонистон ва гурӯҳи экстремистии Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) бозгӯи далели он аст, ки Вашингтон террористонро дастгирӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 20 июл - Sputnik. Иёлоти Муттаҳида бо созмони террористии мамнӯъ дар Русия "Давлати исломӣ"* ҳамкорӣ доштааст.
Дар ин бора зимни як сӯҳбати онлайӣ дар клуби байналмилалии мубоҳисавии Валдай намояндаи махсуси президенти Русия дар Афғонистон, мудири шӯъбаи осиёии вазорати корҳои хориҷӣ Замир Кабулов гуфт.
"Ман мутмаинам, ки чунин ҳамкорӣ вуҷуд дошт. Мо ба гирифтани маълумоти хеле мушаххас дар бораи чунин далелҳои ҳамкорӣ шурӯъ кардем" - гуфт Кабулов.
Противостояние национальной обороны Афганистана против террористов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Кабулов: Русия барои кушодани гиреҳи сиёсии Афғонистон кумак хоҳад кард
Ба гуфтаи вай, Русия аз афғонҳо иттилоъ гирифт, ки онҳо намефаҳмиданд, чаро чархболҳо манотиқи ишғолкардаи ДОИШ-ро* бо силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ таъмин мекунанд.
Кабулов таъкид кард, ки далелҳои ҳамкории Амрико ва "Давлати исломӣ"-ро нишондодҳои толибон низ тасдиқ мекунанд.
Ҷангиёне, ки мухолифони ДОИШ* мебошанд, боре ба гурӯҳи калони террористон дар шимоли Афғонистон ҳамла карданд.

"Доишиёнро тавассути чархболҳои дорои нишонаҳои шиносоӣ ба минтақаи пойгоҳи ҳавоии Багром бурданд" , - гуфт намояндаи махсуси президенти Федератсияи Русия дар Афғонистон."

Кобулов инчунин афзуд, ки Толибон "ба як омили мусбат дар самти амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ" табдил ёфтааст. Радикалҳо аъзои ташкилотҳоеро, ки ба давлатҳои дигар таҳдид мекунанд, нест мекунанд.
Дипломат қайд кард, ки ҳоло дар қаламрави Афғонистон беш аз бист гурӯҳи террористии хурду миёна фаъоланд, ки дар байни онҳо ДОИШ* хатарноктарин ва фаъолтарин аст.
* - гурӯҳи террористии бо ном "Давлати исломӣ", мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала