"Инаш аз додарам": идгардакии кӯдаки тоҷик корбарони интернетро ба ваҷд овард - видео

© Sputnik / Амир ИсаевДети на улицах Душанбе на Иди Рамазан
Дети на улицах Душанбе на Иди Рамазан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Кӯдакони тоҷик бар хилофи паҳншавии густурдаи вируси корона, анъанаҳои таҷлил аз Иди Қурбонро нигоҳ медоранд
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Идгардакии як кӯдаки тоҷик, ки ҳам аз номи худ ва ҳам аз номи додараш мардумро табрик мекард, корбарони интернетро хандонд.
Дар наворе, ки дар Instagram паҳн шудааст, дида мешавад, чӣ гуна як писараки хурдсол бо ду борхалта идгардад мекунад.
Миёни ӯ ва соҳиби хона муколама ба миён меояд.
Соҳиби хона мепурсад, ки ин борхалтаи дуюм аз кӣ?, - "аз додарам", - посух медиҳад кӯдак. "О додарат канӣ?", - суол медиҳад соҳиби хона, "додарам дар хона, ӯ наомад", - бо як ҷиддият посух медиҳад писарак.
Дар охир соҳиби хона ба чунин чусту чолокии кӯдак ва омодаи ҳимоят будан аз додараш, офарин мехонаду ӯро гусел мекунад.
Дар зери ин навор аксари тамошобинон "смайликҳо" - и хандаовар гузоштаанд. Корбари дигаре ҳам гуфтааст, ки дар хонаи онҳо ҳам чунин ҳодиса рух дод.
"Ҳамин рӯз ба хонаи мо ҳам як духтарак омаду гуфт, ки инаш аз ман ва ин пакеташ аз додарам. Додарам дар хона. Модарам аз ханда суст шуд", - навиштааст Мавзуна ном корбаре зери ин навор.
Дар воқеъ идгардак яке аз анъанаҳои неки таҷлил аз Иди Қурбон ва Иди Рамазон мебошад, ки дар Тоҷикистон махсусан дар қисматҳои марказии кишвар роиҷ аст.
Священный праздник Ид аль-Фитр: как в Душанбе отметили Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Шӯрои уламо ба калонсолону кудакон: аз идгардак худдорӣ кунед
Кӯдакон аз субҳи барвақт аз хоб бедор шудаву барои табрикоти ҳамсояҳо ва хешу ақрабо мераванд. Онҳо дареро кӯфта "Иди нав муборак" мегӯянд ва дар посух соҳиби хона ба кӯдакон ширинӣ, тухм ё ягон навъи живачка медиҳад.
Ногуфта намонад, ки имсол Шӯрои уламои Тоҷикистон бо назардошти вазъи эпидемиологӣ бо муроҷиатномае аз бузургону хурдсолони кишвар даъват кард, ки дар рӯзи Иди Қурбон аз идгардак худдорӣ кунанд.
Шӯрои уламо, гуфт, ки идгардак дар чунин вазъ хатари сироятёбиро бештар мекунад.
Иди Қурбон ва ё Азҳо яке аз идҳои асосии динии мусалмонони ҷаҳон аст, ки дар тамоми кишварҳои мусалмоннишин бо рӯзҳои истироҳатӣ ва ба таври оммавӣ ҷашн гирифта мешавад.
Палестинцы празднуют Курбан-байрам на территории Храмовой горы в Иерусалиме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Намозхонии сиёсатмадорон: таҷлили Иди Қурбон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон - аксҳо
Иди Қурбон ҳар сол пас аз 70 рӯзи Иди Рамазон, дар рӯзи даҳуми Зулҳиҷҷа фаро мерасад.
Дар асоси оятҳои Қуръон, Худованд ба Ҳазрати Иброҳим (а) дар хобаш амр медиҳад то писараш Исмоил (а)-ро қурбонӣ кунад.
Иброҳи пас аз ин амр писараш ва корду ресмонро гирифта ба сӯи Мино, ки ҳоло Каъба- зиёратгоҳи муслимин аст, ҳаракат мекунад.
Садоқати Иброҳим ва Исмоил ба Худои ягона исбот шуд ва ба воситаи Ҷабраил аз Биҳишт гусфандеро барои Иброҳим фиристод ва онро қурбонӣ кард.
Бар асоси шариати исломӣ ҳар мусалмоне, ки имкон дорад, метавонад қурбонӣ бикунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала