Мусъулияти таркишҳо дар назди Қасри Ғаниро ДОИШ* бар дӯш гирифт: расонаҳо

© Александр ХроленкоСовременный Кабул
Современный Кабул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
ДОИШ* масъулияти таркишҳо дар маркази Кобулро бар дӯш гирифт
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Гурӯҳи террористии ДОИШ* масъулияти тирборон кардани қасри президент дар Кобулро ба ӯҳда гирифт, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба хабаргузории Франс Пресс.
Қаблан шабакаи телевизионии Афғонистон Tolo News хабар дод, ки якчанд мушак дар назди Қасри президент дар маркази шаҳри Кобул ҳангоми намози дастаҷамъонаи идона таркиданд.
Бо вуҷуди ин ҳодиса, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар маросими анъанавии намози ид пас аз Иди Қурбон суханронӣ кард.
Таркишҳо вақти хондани намози ид аз ҷониби Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллӣ ва мақомдорони дигари афғон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Як қад париданду тарки намоз накарданд: видеои намози иди Ғанию Абдуллоҳ ҳангоми таркишҳо
Пештар созмони мамнӯъи "Толибон"* изҳор дошт, ки дар ин ҳамлаҳо даст надорад ва нерӯҳояш дар рӯзи ид дар мавқеи мудофиавӣ қарор доштанд.
Ёдрас мешавем, ки дар Афғонистон ҳафтаҳо ба ин сӯ миёни низомиёни ҳукуматӣ ва ҷангиёни "Толибон"* муқовимат идома дорад.
Кӯшиши ҳаллии мухолифот сари мизи музокирот низ, ки рӯзи гузашта дар пойтахти Қатар шаҳри Доҳа баргузор шуд бо нокомӣ анҷом ёфт: ҷонибҳо на дар бораи оташбас ва на озодкунии зиндониҳо ба мувофиқа нарасиданд.
Ягона натиҷаи ин музокирот - идомаи гуфтушунид аст.
Афганские власти и талибы не договорились. Почему провалились переговоры в Дохе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ноумедӣ аз музокироти Доҳа: ояндаи Афғонистон чӣ мешавад - видео
Ҳамчунин "Толибон"* ваъда доданд, ки ба муассисаҳои тандурустӣ ҳуҷум намекунанд ва барои эмгузаронӣ халал намерасонанд.
"Шаллоқистон": таъқиби як ҷавони ошиқ аз сӯи "Толибон"* ва "андоз" - и ғалатӣ
Аксари коршиносони низомӣ бар инанд, ки пас аз баромадани низомиёни НАТО ва ИМА аз хоки Афғонистон, ин кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ хоҳад печид.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Русия, Тоҷикистон ва бархе кишварҳо
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала