Нишасти бенатиҷаи Доҳа: Нур гуфт, оид ба масъалаҳои асосӣ ягон созиш ба даст наомад

© AFP 2021 / FARSHAD USYANАтто Мухаммади Нур
Атто Мухаммади Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Ато Муҳаммад Нур, ки бо як ҳайати баландпояи ҳукуматӣ ба Доҳа сафар кард, гуфт, ки дар бораи масоили калидӣ созиш ҳосил нашудааст
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Sputnik Афғонстон, Ато Муҳаммад Нур, пас аз бозгашт аз Доҳа ба Кобул гуфтааст, ки музокироти ҳайатҳои сатҳи олӣ дар масоили асосӣ ба тавофуқ нарасидааст.
Вай афзуд, ки агар Толибон* ҳамлаҳои худро афзоиш диҳанд ва дар бораи ишғоли ҷуғрофияи Афғонистон фикр кунанд, онҳо муқовимат хоҳанд кард.
Нур гуфт, ки ҳайати Толибон* дар Доҳа пешниҳод карданд, ки 7000 зиндонии ин гурӯҳро раҳо кунанд ва раҳбарони онҳоро аз рӯйхати сиёҳ барои эътимод бардоранд, аммо ин аз ҷониби онҳо тасдиқ нашудааст.
Атто Мухаммади Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Ҳама аслиҳаро дорем: Нур ба Толибон* гуфт, сулҳ кунанд вагарна саркуб хоҳанд шуд - видео
Ба гуфтаи узви баландпояи ҳукумати Афғонистон, Толибон* инчунин пешниҳоди ҳукуматро дар бораи таъсиси кумитаҳо барои иштироки сиёсӣ, таҳкими эътимод ва баррасии конститутсионӣ рад кард.
Дар ҳоле, ки афғонҳо умед доштанд, ки тасмимҳои муҳиме дар ин нишаст оид ба поёни ҷанг ва оташбас гирифта хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, гуфтушуниди ҳайати ҳукумати Афғонистонро Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ва ҷониби Толибонро* Мулло Ғанӣ Бародар раҳбарӣ мекарданд. Гуфтугӯи ҳайатҳо тайи ду рӯз дар Доҳа доир гашт.
Абдулҳафиз Мансур, узви Шӯрои раҳбарии Ҷамъияти исломии Афғонистон,  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
“Парокандагии тоҷикӣ”: суҳбат бо нафаре, ки бо "Толибон"* 9 моҳ баҳс кардааст
Дар гуфтушунидҳо танҳо ҷонибҳо итминон додаанд, ки зербиноҳои мулкӣ ҳимоят шуда, талафоти он ҷилавгирӣ мешавад ва ҳамзамон дар умури кумакҳои башардӯстӣ ҳамкорӣ сурат гирифтаву барои ҳамлу нақли воксина ва пешгирии бемории корона монеа эҷод намекунанд.
Дар бораи замони баъдии музокироти баниафғонӣ ҳоло дақиқ нашудааст, ки ҷонибҳо кай дигарбора сари мизи музокирот бармегарданд.
Эзоҳ: Толибонро* созмони террористии мамнӯъ дар Русия, Тоҷикистон ва бархе кишварҳо
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала