Путин мусалмононро ба Иди Қурбон табрик кард

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Роҳбари Русия ба тамоми мусалмонони дунё саломатӣ, хушбахтӣ ва некӣ орзу кард
ДУШАНБЕ, 20 Июл – Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба шарафи Иди Қурбон ба мусулмонон муроҷиат кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Кохи Кремлин хабар додааст.
Роҳбари Русия дар табрикномаи ба мусалмонон саломатӣ, хушбахтӣ ва некӣ таманно кард.
Путин қайд кард, ки Иди Қурбон ба меҳрубонӣ ва адолат даъват мекунаду диққатро ба арзишҳои ислом ҷалб менамояд.
"Ин ҷашни бостонӣ, ки решаҳои он аз асрҳо қадим сарчашма мегирад, диндоронро ба пайдоиш ва арзишҳои ислом ҷалб мекунад, ба меҳрубонӣ, адолат ва парҳезкорӣ, муносибати боэҳтиёт ва самимӣ нисбат ба дигарон даъват мекунад", - таъкид кард Владимир Путин.
Глава Хатлонской области Курбон Хакимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дастури Ҳакимзода барои назорати “идгардак” дар Хатлон
Ба гуфтаи раисҷумури Русия, дини ислом, ба мисли тамоми динҳои ҷаҳонӣ, ба ормонҳои олии инсонпарварона ва ахлоқӣ такя мекунад. Маҳз ҳаминҳо ба ҳайси "як нерӯи тавоно” ҳастанд, ки ба таҳкими ҳамоҳангии байни миллатҳо дар ҷомеа ва ҳифзи гуногунии фарҳангии суннатҳои аслии мардуми мо саҳм мегузоранд", - гуфт Путин.
Ёдовар мешавем, ки 20 июл мусалмонон яке аз идҳои асосии худ - Иди Қурбонро ҷашн мегиранд. Чорабиниҳои идона дар тӯли се рӯз баргузор мешаванд.
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Ин ҷашн аз анҷоми маросими ҳаҷ дарак дода ва дар рӯзи 10 - уми моҳи зулҳиҷҷа ба хотири қурбонии пайғамбар Иброҳим қайд карда мешавад. Худи калимаи Иди Қурбон арабӣ буда, маънои “ҷашни қурбонӣ”-ро дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала