Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Шартҳои Эрдуғон барои таъмини амният дар фурудгоҳи Кобул

© APПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Ҷангиён ҳушдор доданд, ки ба артиши Туркия муқовимат мекунанд ва масъулияти оқибатҳо бар дӯши "онҳое, ки ба корҳои дохилӣ дахолат мекунанд" вогузор хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Президенти Туркия гуфт, ки кишвараш омода аст идораи фурудгоҳи Кобулро ба дӯши худ бигирад. Бо вуҷуди ин, ӯ як қатор шартҳоро ба миён гузошт, менависад РИА Новости.
Шарти нахустини Эрдуғон ин аст, ки ИМА дар гуфтушунидҳои дипломатӣ ӯро дастгирӣ кунад. Дуюм, тибқи имкониятҳои логистикӣ, техника бояд ба Туркия дода шавад.

"Захираҳои мавҷуда бояд ба Туркия дода шаванд. Ғайр аз ин, мушкилоти молиявӣ ва маъмурӣ вуҷуд доранд. Иёлоти Муттаҳида бояд Туркияро дар ин масъалаҳо дастгирӣ кунад. Агар шартҳои мо иҷро шаванд, мо дар бораи идораи фурудгоҳ дар Кобул фикр мекунем", - изҳор дошт, президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон.

Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон
Раҷаб Тайиб Эрдуғон
Президенти Туркия
Қаблан вазири мудофиаи Туркия изҳор дошт, ки Анқара бо иҷрои як қатор шартҳо омода аст пас аз хуруҷи нерӯҳои ИМА амнияти фурудгоҳи Кобулро таъмин кунад.
Афганские власти и талибы не договорились. Почему провалились переговоры в Дохе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ноумедӣ аз музокироти Доҳа: ояндаи Афғонистон чӣ мешавад - видео
Баъдтар маълум шуд, ки қарори ниҳоӣ қабул нашудааст, гуфтушунидҳо бо ИМА ва Афғонистон идома доранд. Ҳамзамон, як намояндаи нерӯҳои амниятӣ ва дифоии ҳукумати Афғонистон генерал Аҷмал Шинварӣ гуфт, ки барои ин иншоот нерӯҳои афғон масъуланд ва хориҷиён танҳо корҳои техникиро анҷом медиҳанд.
Ҳамзамон, "Толибон"* ба ҷойгиркунии артиши Туркия дар қаламрави Афғонистон мухолифат доранд, зеро, ба ақидаи онҳо, ин истиқлолияти кишварро вайрон мекунад.
Онҳо ҳушдор доданд, ки бо низомиёни Туркия муқовимат мекунанд ва масъулияти оқибатҳо бар дӯши "онҳое, ки ба корҳои дохилӣ дахолат мекунанд" вогузор хоҳад шуд.
Моҳи июн мушовири амнияти миллии ИМА Ҷейк Салливан гуфт, ки Туркия қасд дорад амнияти фурудгоҳи Кобулро пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон таъмин намояд.
Сторонники Талибана срывают плакаты на улицах Кундуза 29 сентября 2015 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Толибон"* ду шарти оташбас дар Афғонистонро эълон карданд
Ба гуфти ӯ, дар ин бора президентҳои ду кишвар Ҷо Байден ва Тайиб Эрдуғон ҳарф заданд.
Замир Кабулов, намояндаи вижаи президенти Федератсияи Русия оид ба Афғонистон, директори департаменти дуюми Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки нақшаҳои дахлдори Туркия созишномаҳоро бо "Толибон"* вайрон мекунанд.
Як қад париданду тарки намоз накарданд: видеои намози иди Ғанию Абдуллоҳ ҳангоми таркишҳо
Хотиррасон мекунем, ки ҳафтаҳои охир дар Афғонистон муқовимати фаъол байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва "Толибон"* идома дорад.
* - ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар манъ карда шудааст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала