Таҳдиди селхезиҳои нав ба шимоли Тоҷикистон

© пресс-служба президента РТСело Навобод, пострадавшее от стихии
Село Навобод, пострадавшее от стихии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Обуна шудан
Дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон то 22 июл хавфи фаромадани сел боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Фаромадани сел ду рӯзи оянда дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконпазир аст, хабар медиҳад Ожонсии ҳавошиносии Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, дар баъзе деҳаҳои манотиқи Айнӣ ва Панҷакент селҳои даҳшатбор фаромадаанд, ки қурбонӣ низ дар пай доштааст. Сели харобиовар дар ноҳияи Панҷакент ҷони 9 касро гирифт.
Дар робита ба ин, ҳавошиносон аз селхезӣ ҳушдор медиҳанд, ки дар натиҷаи гармии тоқатфарсо ва боришоти зиёд ба амал хоҳад омад.
Ҳамин тавр, дар вилояти Суғд, дар водиҳо, ҳаво бебориш мешавад, аммо дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ​​бо вазиш то 10 метр дар як сония ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво дар давоми рӯз то + 37 ° C гарм мешавад.
Последствия схода селевого потока  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Нуҳ қурбонии сели харобиовар дар Панҷакент: чор нафараш кудак будааст
Дар вилояти Хатлон, ҳаво бебориш мешавад, аммо тӯфони ғуборолуд ва туман ба амал омада суръати бод то 20 метр дар як сония мешавад.
Шабона ҳаво + 22-27 ° C ва рӯзона то + 43 ° C тафсон мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ​​ба амал меояд.
Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона + 12-17 ° C, рӯзона + 25-30 ° C гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона + 3-8 ° C, рӯзона + 15-20 ° C мешавад.
Дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ҳаво бебориш мешавад. Ҳарорат шабона + 21 ° C ва рӯзона то + 39 ° C гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0