Дар Тоҷикистон барои гурезаҳои афғон урдугоҳ месозанд

© Sputnik Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе
Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Урдугоҳро Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ҳамоҳангии Созмонҳои имдодии байналмилалӣ месозад
ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Дар Тоҷикистон барои гурезаҳои афғон урдугоҳ месозанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода хабар додааст.
Ба гуфтаи вай, паноҳгоҳ барои гурезаҳо дар Ҷайҳун бунёд хоҳад шуд.
" Ба ин манзур буҷети мавриди ниёз аз манобеъи молии вилояти Хатлон ихтисос дода шудааст", - таъкид кардааст Ҳакимзода.
Урдугоҳро Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ҳамоҳангии Созмонҳои имдодии байналмилалӣ месозад.
Афганские беженцы на окраине Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ҳазорҳо гурезаҳои афғон аз Тоҷикистон ба Ватан баргаштанд
Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки паноҳгоҳ барои чанд пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи Ҳакимзода, 207 сарбози афғон, ки пас аз даргириҳо бо гурӯҳи Толибон (ҳаракати экстремистӣ, мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) вориди вилояти Хатлон шуда буданд, аллакай дар ин минтақа ҷойгир шуда буданд.
Аммо пас аз чанд рӯз бо ҳамоҳангии мақомоти афғон онҳо аз Кӯлоб ба Кобул интиқол дода шуданд.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки тақрибан ҳамаи гурезаҳои афғон, ки дар замони даргириҳо бо Толибон аз Афғонистон ба сӯи Тоҷикистон фирор карданд, ба Ватан баргаштанд.
Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Қиссаҳои хаймаҳои ғам”: гузориш аз урдугоҳҳои муҳоҷирини Мазори Шариф – аксу видео
Аксари онҳо низомиёне буданд, ки аз минтақаҳои наздимарзии Афғонистон ба хоки Тоҷикистон фирор карданд.
Тибқи иттилои РИА Новости, шумори онҳо беш аз ҳазор нафарро ташкил медод.
Гурезаҳоро ҳукумати Афғонистон аз фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб тариқи чархболҳои худ ва Тоҷикистон ба хонаҳояшон баргардондааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала