Аббоси “Доллар”: аз дӯконҳои “Садбарг” – и Душанбе то қуллаҳои ҷангу сиёсати Афғонистон

© Sputnik Ғулом Аббос Иброҳимзода, маъруф ба Аббоси “Доллар”, раиси Ҳизби ваҳдати исломии навин дар Афғонистон,
Ғулом Аббос Иброҳимзода, маъруф ба Аббоси “Доллар”, раиси Ҳизби ваҳдати исломии навин дар Афғонистон,  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Ғулом Аббос Иброҳимзода, маъруф ба Аббоси “Доллар”, раиси Ҳизби ваҳдати исломии навин ва яке аз тоҷирони маъруфи Афғонистон, аз аввалин раҳбароне буд, ки дар Мазори Шариф силоҳ ба даст гирифт ва бо “Толибон”* вориди ҷанг шуд
ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik, Фахриддини Холбек. Тоҷири маъруф, ки вакили мардуми Балх дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон низ мебошад, зимни як мусоҳибаи ҳузурӣ дар манзилаш дар шаҳри Кобул ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рӯзҳое, ки “Толибон”* ба дарвозаҳои шаҳри Мазори Шариф наздик мешуданд, ҷонибдорони худро ба як басиҷи миллӣ даъват кард ва худро аз Кобул расонд.
“Он шабу рӯз касе ба Мазор намерафт. Дар тайёра ман будаму се хонум. Вақте ба Мазор расидам, фурудгоҳ пур аз одам буд. Билет аз 80 доллари маъмулӣ ба 2 ҳазор доллар дар “бозори сиёҳ” савдо мешуд. “Толибон”* дар Зайниобод, Чавки Комгор, дарвозаҳои Шимол, Ғарб ва Ҷануби шаҳр байрақ боло карда, дар Фейсбук аз ишғоли Мазори Шариф акс мегузоштанд. Дар шаҳр маҳшаре барпо шуда буд. Мардум як қисм ба ҷониби Ӯзбекистон ва қисми дигар, ба сӯи Кобул ва қисме ҳам ҳар куҷо, ки метавонистанд, фирор мекарданд”, - қисса мекунад Иброҳимзода.
Ӯро дар Балх ҳудуди ҳазор сарбозу фармондеҳонаш, аксаран ҳазораҳо, интизор буданд. Иброҳимзода ба зудӣ бо фармондеҳони Ҷамъияти исломӣ, афроди марбут ба Устод Ато Муҳаммади Нур, собиқ волии Балх, назири Раис Холиқ ва Аламхони Озодӣ, ба машварат нишаст. Мавзуъ: чӣ кор кунанд, ки Мазори Шариф суқут накунад? Тавофуқ шуд, ки шаҳрро ба қисматҳо тақсим карда, нерӯҳоро барои дифоъ эъзом кунанд.
Лидер северных провинций Афганистана Атто Мухаммад Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Мусоҳиба бо Устод Ато: аз ҷанги Шимолу Толибон* то тоҷикону фирор аз Афғонистон
“Ба зудӣ бачаҳои мову Ҷамъият даст ба кор шуда, “Толибон”*-ро аз дарвозаҳои шаҳр қафо задем. Соат аз 10 – и шаб гузашта буд. Ҳамон шабро сарбозони мо бо шиками гуруснаву рӯи хок рӯз карданд. Як бутал об доштанду нони хушк. Фақат субҳ барояшон ғизо таҳия кардем. Аммо шаҳр аз суқут наҷот ёфта буд”, - гуфт ӯ.
Тоҷири маъруф 12 шабонарӯз ба як фармондеҳ табдил ёфт ва бо корҳои низомӣ машғул шуд. Барои тамос бо фармондеҳон ҳатто як гурӯҳе дар Ватсап таъсис дод. Утоқи кориаш ба ситод табдил ёфт.Мухобира ба даст бо афродаш тамос мегирифт. Гоҳе ҳам ба хатти аввал мерафт ва ҷанг мекард.
“Нерӯи пулис кофӣ набуд, фақат метавонист амнияти шаҳрро бигирад. Урду пароканда ва беруҳия шуда буд. Ҳар рӯзу ҳар шаб ману горди шахсиам бо ҳудуди 80 мошини пикапу ландкруизер шаҳрро давр мезадем, то ба мардум руҳия диҳем. Ҳамин тавр, тайи 12 шабонарӯз фақат ду соат мехобидам, то ин ки вазъ ба ҳолати одӣ баргашт”, - гуфт Иброҳимзода.
Пас аз бозгашти Ато Муҳаммади Нур аз Дубай Иброҳимзода яке аз 9 нафаре буд, ки Шӯрои басиҷи миллии Балхро таъсис доданд. Нерӯҳои басиҷи мардумӣ дар атрофи шаҳр дар фосилаи 5 ва ҷое 7 километр як камарбанди амниятӣ ба вуҷуд оварданд, то Мазори Шариф аз шарри “Толибон”* дар амон бошад. Шаш вулусволие, ки ҳанӯз суқут накарда буданд, бо талоши басиҷи мардумӣ дар дасти давлат монд.
Яке аз иқдомоти бесобиқаи Иброҳимзода дар ҳамон оғоз ин буд, ки эълон дошт, барои ҳар мурдаи толиб 20 ва барои зиндааш 10 ҳазор афғонӣ (1 доллар = 80 афғонӣ) подош хоҳад дод.
“Мо гуфта будем, ки акс ва субуташро фиристанд, халос. Аммо ҳеҷ кас барои гирифтани ин подош майл накард. Мардуми мо ҳарчанд фақиранд, аммо ғурур доранд. Онҳо толибро мекушанд, аммо бидуни подош ва далелаш ҳам маълум: толиб як чизи беарзиш аст”, - гуфт ӯ.

“Бозии Амрико”

Ин сиёсатмадори афғон низ ба пешравиҳои ногаҳонии “Толибон”* ва суқути пайиҳами вулусволиҳо машкук аст. Вай мегӯяд, ҳеҷ кас ин гуна вазъро пешбинӣ намекард, аммо худ бар ин аст, ки Толибон* дар оғоз тавонистанд руҳияи нерӯҳои ҳукуматӣ ва мардумро шикаста, ҷангро дар Шимол пошон созанд.
“Толиб аз ҳар ҷое, ки сар мехалонд, бештар аз 50 нафар набуд. Аз ҳар тараф ба ҳамин теъдоди кам ба Мазори Шариф ҳамла карданд. Ин нерӯи кам ва муқовимати басиҷи мардумӣ буд, ки онҳо натавонистанд шаҳрро суқут диҳанд. Агар воқеан “Толибон”* нерӯи кофӣ, ба он ҳадде, ки тасаввур мешуд, медоштанд, шаҳрро ишғол мекарданд”, - гуфт ӯ.
Абдулҳафиз Мансур, узви Шӯрои раҳбарии Ҷамъияти исломии Афғонистон,  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
“Парокандагии тоҷикӣ”: суҳбат бо нафаре, ки бо "Толибон"* 9 моҳ баҳс кардааст
Аммо чаро нерӯҳои ҳукуматӣ ақиб нишастанд ва ин ақибнишиниро тактикӣ унвон карданд? Дар ҳоле ки теъдоди нерӯҳои давлатӣ ва имконоташон бамаротиб зиёд буд, чаро таслиҳоти вазнину сабуки худро ба “Толибон”* вогузор намуданд ва сангарро гузошта, рӯ ба фирор оварданд, ё худро таслими душман карданд?
Иброҳимзода ин таҳаввулотро “бозии Амрико” унвон мекунад, ки ба хотири тарсонидани мардуми Афғонистон ва бузург нишон додани "Толибон"* роҳандозӣ шуда буд.
“Аввал, якбора майдони ҳавоии Багромро тарк карданд. Тибқи қоида, ин майдон бояд дар як маросими расмӣ ба урдуи Афғонистон таслим мешуд, аммо ин корро накарданд. Дуюм, онҳо қабл аз ҷаласаи Анқара аз Багром хориҷ шуданд. “Толибон”* ҳамеша мегуфтанд, ки агар Амрико барояд, Афғонистонро забт мекунад. Баромадувулусволиҳо суқут карданд. Сеюм, амрикоиҳо эълон доштанд, ки сафораташонро низ аз Кобул хоҳанд кашид. Чорум, гуфтанд, ба ду ҳазор хонуми фаъоли маданӣ виза хоҳанд дод ва 10 ҳазор ҳамкори худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ маскун хоҳанд кард. Ин ҳама мардуми Афғонистонро тарсонд ва “Толибон*”-ро бузургу қавӣ нишон дод”, - мегӯяд ӯ.

Сарзамине барои “ДОИШ”*

Иброҳимзода ба ин фикр аст, ки мудирияти ҷанги Афғонистон аз уҳдаи афғонҳо хориҷ шуда, ҷанги Шимол барои Шимол нест, балки барои Осиёи Марказӣ аст.
“Амрикоиҳо барои эҷоди пойгоҳҳояшон бо Тоҷикистону Ӯзбекистон вориди музокира шудаанд. Агар ин кор шавад, маркази толибу “ДОИШ”* ба ин кишварҳо кӯч мекунад. Амрикоиҳо медонанд, ки мардумони ин ду кишвар ҳанӯз шавқҳое аз ислом доранд. Мо ку дидем, ки ба хотири ислом чӣ қадар қурбонӣ додем. Афродеро, ки Амрико мехоҳад дар кишварҳои Осиёи Марказӣ паноҳанда кунад, қисмати бузургашон ба сарбозгирии ДОИШ* истихдом мешаванд. Ин кишварҳо набояд ин фиребро бихӯранд”, - гуфт ӯ.
Специальный представитель президента России по Афганистану, директор Второго департамента Азии Министерства иностранных дел РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Кабулов: Русия далел дорад, ки ИМА бо ДОИШ* ҳамкорӣ мекунад
Сиёсатмадор аҳдофи Амрикоро як-як баршумурда, мегӯяд, ҳадафи аввали Амрико шикаст додани Русияву Чин ҳамчун қудратҳои низомӣ ва иқтисодии ҷаҳон аст.
“Агар “ДОИШ”* дар Осиёи Марказӣ ба қудрат расад, манобеъи табиии он – газ, нефт ва ғайра дар ихтиёри Амрико қарор мегирад. Намунаашро дар Ироқ дидем. Вақте кишварҳо заиф мешаванд, қарз кор доранд ва пул ҳам дар дасти Амрикост. Онҳо наметавонанд қарзро пардохт кунанд, суди қарз меафзояд ва мешаванд тобеъи Амрико. Барнома ҳамин аст, ки на имрӯз, балки даҳсолаҳо пеш тарҳрезӣ шудааст”, - мегӯяд Иброҳимзода.
Вай мегӯяд, тарҳи бузурги бистарсозӣ ва эҷоди як сарзамин барои фаъолиятҳои “ДОИШ”* дар минтақа аз Афғонистон шуруъ шуда, бояд дар Осиёи Марказӣ рушд кунад ва ба марзҳои Русияву Чин расад.
“Тарҳи сулҳи Афғонистон ин аст, ки вақте раҳбарони бузурги толиб дар ҳукумат ҷой мегиранд, фармондеҳони хурдаш эътироз мекунанд ва эълон медоранд, ки мо ин сулҳро қабул надорем ва дар як шаб ба ҷои байрақҳои сафеди толиб байрақҳои сиёҳи “ДОИШ”* боло мешаванд. Ҳамин ҳудудҳое, ки дар дасти толиб аст, дар як шаб бадасти “ДОИШ”* мегузарад. Бубинед, наворҳо аз сарзанӣ ба усули доишӣ дар Афғонистон чӣ қадар ривоҷ ёфтаанд. Толиб як тир мезаду халос”, - гуфт Иброҳимзода.
Аммо вай мегӯяд, агар кишварҳои Шимол – шурӯъ аз Осиёи Марказӣ то Русияву Чин ва низ Эрон ҳушёрӣ кунанд, ба дасти муқовимати Афғонистон метавонанд ин тарҳро дар худи Афғонистон хунсо созанд, дар акси ҳол, бурдани ин ҷанг дар тавони нерӯҳои зиддитолибу зиддидоиши афғон нест.
Низомиддин Қайсорӣ, Раҳбари Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Ин толиб нест, ДОИШ* аст" – мусоҳибаи тасодуфӣ бо фармондеҳи Дӯстум
“На ман, на Устод Ато, на Аҳмади Масъуд ҳеҷ якеи мо ба ин нерӯ муқовимат карда наметавонем, зеро сармояи кофӣ барои як ҷанги тӯлонӣ надорем. Масалан, сармояи ману Устод Ато агар 100 – миллиондолларӣ ҳам бошад, бо садҳо миллион доллари Амрикову Покистону Саудӣ рақобат карда наметавонад. Мо як муддат метавонем муқовимат кунем, аммо рӯзе шикаст хоҳем хӯрд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам тоби як ҷанги фарсоиширо надоранд. Силоҳи Русияву пули Чину таҷрибаи мудирияти ҷангии Эрон, дар умум иқдомоти дастҷамъонаи тамоми кишварҳо зарур аст”, - гуфт Иброҳимзода.
Вай ба ин ҳам ишорат кард, ки дар Афғонистон зиёдтар тоҷикон ва ӯзбекҳову туркманҳо ба “ДОИШ”* мегараванд, ба ин маънӣ, ки агар толиб паштун аст, онҳо бояд доишӣ бошанд, аммо бори ҷанги “ДОИШ”* – ро ҳукумат хоҳад кашид, зеро толибба доишӣ табдил хоҳад ёфт.

Коммунист

Ғулом Аббос Иброҳимзодаи 51-сола дар қарияи Шулгари вулсволии ҳамноми вилояти Балх ба дунё омада, лисаи “Бохтар” –и шаҳри Мазори Шариф ва Донишгоҳи Балх, баъдтар Донишгоҳи Дубайро хатм кардааст.
Ӯ замони таҳсил дар Донишгоҳи Балх ба ҷиноҳи “Парчам”-и Ҳизби демократики халқ таҳти раҳбарии Бабрак Кормал пайваста, аз ҳамон айём корманди Раёсати 3 (раёсати амнияти дохилӣ ва таъқиби муҷоҳидин) – и Хадамоти амнияти давлатӣ (ХОД) буд, ки баъдҳо раиси он таъйин шуд.
“Кори мо назорати кормандони ХОД, ҳатто раҳбаронаш буд, ки оё бо муҷоҳидин тамос доранд ё хайр. Аз сӯи дигар, бо худи муҷоҳидин кор мекардем. Бархе раҳбаронашон аз мо пул мегирифтанд. Номҳояшонро намегӯям, аммо аз дасти худам пул гирифтаанд ва ҳоло вақте худро муҷоҳид мегӯянд, хандаам мегирад”, - мегӯяд Иброҳимзода.
Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
“Қиссаҳои хаймаҳои ғам”: гузориш аз урдугоҳҳои муҳоҷирини Мазори Шариф – аксу видео
Охирҳои даврони Наҷибуллоҳ, роҳбари коммунисти Афғонистон, як фармон содир мешавад, ки ҳизбиҳои раҳбар аскарӣ кунанд, зеро ҳолати изтирорӣ пеш омада буд. Ҳатто волӣ, раис ё ҳар мансабдори дигар аскарӣ мекард. Иброҳимзода дар ин давра як муддат бо иттифоқи Самеъ Одил, волии Балх, Саид Яҳё, раиси Ҳайратон ва Абдураҳмони Дарвеш, қумондони ғунди 8-и размӣ дар Равзаи Мубораки Мазори Шариф аскарӣ карда буд.
“Ду-сесоатӣ пайрадорӣ ё посбонӣ мекардем. Наҷиб ин корро кард, ки дигар мардум алоқа бигиранд. Дар ин равза, ки афроди зиёд меомаданд, кори мо – кормандони амният - шиносоӣ кардани душману ҷосусонаш буд”, - ба ёд меорад ӯ.
Иброҳимзода бар ин аст, ки агар генерал Абдурашид Дӯстум бағоват намекард, ҳукумати Наҷибро касе шикаст дода наметавонист. Вай мегӯяд, агар генералҳои ҳукумати Ашраф Ғанӣ ҳам хиёнат кунанд, ҳукумати ӯ низ дер нахоҳад поид, аммо ин ҳукумат то як – ду соли дигар суқут нахоҳад кард, зеро Амрико онро нигоҳ мекунад.
Аз ошноҳои коммунисташ бо кам касе тамос дорад. Ӯ моҳона ба Ҷумъа Асак, фармондеҳи низомии Шимол дар замони ҳукумати Наҷиб, ки бо шикастанафсӣ ва фақириаш маъруф аст, моҳона 300 доллар кӯмак мекунад.

“Капиталист”

Аббос Иброҳимзода коммунистест, ки ба яке аз тоҷирон ва сармоягузорони бузурги Афғонистони имрӯз табдил ёфтааст. Пас аз суқути ҳукумати Наҷибуллоҳ дар соли 1992 ӯ ба кори тиҷорат шурӯъ кард. Аввал шаш моҳ Ӯзбекистон рафт ва тиҷорати доллар ё саррофиро пеша намуд. Аз Мазори Шариф техникаву либосҳои сохти Покистону Ҷопонро гирифта, ба Ӯзбекистон мебурд ва аз он ҷо доллар меовард.
“Дар Мазори Шариф ҳудуди 1400 сарроф кор мекард. Як замон Анҷумани саррофон интихоботи раисро гузаронд ва маро ҳам номзад карданд. 750 раъй гирифтам. Азбаски дар миёни мардум чанд нафар бо номи Аббос шинохта мешуданд, барои фарқ кардан лақаби “Доллар” – ро бар номи ман часпонданд ва ман шудам Аббоси “Доллар”, - қисса мекунад ӯ.
Иброҳимзода солҳои 90-ум ҳудуди 6 моҳ дар маркази тиҷоратии “Садбарг” – и шаҳри Душанбе низ бо хаирдуфурӯши молу коло машғул буд ва аз он айём инро ба хотир дорад, ки дар шаҳр силоҳбадастон бедодгарӣ мекарданд ва борҳо аз ӯ боҷ ситонидаанд.
Мужчины с оружием в руках в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
"Шаллоқистон": таъқиби як ҷавони ошиқ аз сӯи "Толибон"* ва "андоз" - и ғалатӣ
“Бо далели масруфиятҳом дигар Душанбе рафта натавонистам. Ҳоло ки мешунавам, дар Тоҷикистон, ба қавли худатон, тинҷиву оромист, хуш мешавам. Давлат бояд ҳамин тур бошад, амнияти мардум ва рушди кишварро таъмин карда тавонад”, - гуфт ӯ.
Тиҷорати доллари Иброҳимзода 5 сол идома ёфт. Баъдтар ӯ ба тиҷорати бензину газ, нуриҳои минералӣ ва сихи гул (арматура) аз Туркманистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон рӯ овард.
“Ман дар Ҳайратон як захирагоҳи 50-ҳазортонии бензину газ дорам. Ҳоло он ҷо захираҳо, ба ҷуз оҳан, ҳама тахлия шудаанд. Хавфи ин буд, ки "Толибон"* Ҳайратонро ишғол кунанд ва ин ҳамаро инфиҷор диҳанд. Ҳоло ба ҷуз Ҳайратон тамоми бандарҳои иқтисодии Афғонистонро "Толибон"* забт кардаанд. Агар бандарҳо ҳама ғасб шаванд, ҳукумат суқут мекунад. Раисҷумҳур Ғанӣ рафиқам аст. Дирӯз, вақте дар Мазори Шариф буд, ба ӯ гуфтам, ки агар бандарҳо баста шуд, худат бору бӯғчаатро гирифта, бирав ба хайр! Аз ин хотир, ба зудтарин фурсат бояд бандарҳоро озод кунанд”, - гуфт ӯ.
Иброҳимзода ҳоло се донишгоҳи олӣ – ду адад дар Балх ва як адад дар Кобул, ду коллеҷ – яке техникӣ ва дигарӣ, тиббӣ дар Мазори Шариф ва 30 мактаби миёна дар саросари Афғонистон дорад. Дар донишгоҳҳои олии ӯ ҳудуди 15 ҳазор донишҷӯ ва дар макотиби миёна ҳудуди 10 ҳазор талаба таҳсил мекунанд. Омӯзгороне, ки аз хориҷа эъзом шудаанд, 10 ҳазор доллар ва устодони маҳаллӣ аз 500 то 2000 ҳазор доллар маош мегиранд.
Дар Мазори Шариф ӯ як шифохонаи 200-бистара сохтааст, ки бо мудернтарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз шудааст ва замони мубориза бо “вируси корона” ҳудуди 5 ҳазор нафарро ройгон табобат кардааст. Дар ин шаҳр ӯ як меҳмонхонаи лукс ва 7 бинои зист сохтааст, ки ҳамагӣ сеутоқа буда, 540 хонавода дар онҳо сукунат ихтиёр кардаанд.

Сиёсатмадор

Иброҳимзода солҳои 2010 ва 2018 дар ду даври интихоботи парлумонии Афғонистон бо бурдани беш аз 20 ҳазор раъй вакили мардуми Балх дар Маҷлиси намояндагон (Вулуси Ҷирга) интихоб шудааст. Соли гузашта барои як сол муовини раиси ин ниҳод низ буд.
Соли 2019 ӯ ҳизберо ба номи Ҳизби Ваҳдати навини Афғонистон таъсис дод. Зимнан, Ҳизби ваҳдати исломӣ – “бренди сиёсӣ” – и мардуми шиаи ҳазораи Афғонистон аст ва бо ҳизбе, ки Иброҳимзода таъсис дод, ададашон ба се расид. Қаблан ин ҳизб ба ду ҷиноҳ - Ҳизби Ваҳдати исломии Карим Халилӣ ва Ҳизби ваҳдати исломии мардумии Муҳаммади Муҳаққиқ тақсим шуда буд. Аббос Иброҳимзода низ то таъсиси ҳизбаш панҷ сол муовини Ҳизби Ваҳдати исломии Карим Халилӣ буд.
Суоле ба миён меояд, ки чаро ҳазораҳо ин ҳизбро ин қадар пора-пора мекунанд ва ё ба номи ҳизб як қаҳтӣ омадааст, ки ҳатман бояд Ҳизби ваҳдат бошад?
Иброҳимзода мегӯяд, падараш Иброҳим, яке аз асосгузорони Ҳизби ваҳдати исломӣ ва дар канори бунёнгузор ва аввалин роҳбари он – Абӯалии Мазорӣ дар соли 1990 буд.
Атто Мухаммади Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Ҳама аслиҳаро дорем: Нур ба Толибон* гуфт, сулҳ кунанд вагарна саркуб хоҳанд шуд - видео
“Мо як умр дар Ҳизби Ваҳдат будем. Ҳизби Ваҳдат номи мост. Оё кас метавонад номи худро тағйир диҳад? Ман номи худамро тағйир намекунам, номи ҳизбамро ҳам. Дар ҳамин Ҳизби Ваҳдат калон шудам. Раҳбарони қаблӣ ҳизбро меросӣ ва муллогӣ сохтанд. Ман мехоҳам онро модерн ва дархӯри хостаҳои насли нави ҳазора кунам”, - гуфт ӯ.
Ҳизби Ваҳдати навин ҳоло дар 10 вилоят ҳудуди як миллион узв ва дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон ду намоянда дорад. Сафҳаи фейсбукии он, ки замони суҳбат бо Иброҳимзода ё аз сӯи сиёсиёни мухолиф ё "Толибон"* ҳак шуда буд, 350 ҳазор нафар пайравӣ мекунанд.
Аммо Иброҳимзода мегӯяд, ақидаҳои “Парчам” - ро ҳам дӯст дорад, магар ин ки ҳоло рафиқони ҳизбиаш ё хориҷ ё тарафи қавмҳои худ рафтаанд ва ин ҳизбро моли таърих кардаанд.
Зоҳиран, ин анҷоми қиссаи Аббос Иброҳимзода, коммунисте, ки ба қуллаҳои сармоядорӣ ва сиёсати Афғонистон расидааст, нест. Таърихи ӯ Афғонистони ҷангзада ва мазлумро як кишвари имкониятҳо ҷилва медиҳад, сарзамине, ки ҳам сууд ва ҳам суқути як чеҳраи сиёсӣ дар сиёсат ва як тоҷир дар тиҷоратро наметавон пешгӯӣ кард.
Эзоҳ: Толибон* ва ДОИШ* созмони террористии мамнӯъ дар Русияву Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала