Чангу ғубор, борон ва раъду барқ: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевПыльная буря в Душанбе
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Ҳавои Тоҷикистон тағйирёбанда мешаваду дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, рӯзи 21 июл, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, баъзан борон меборад.
Дамои ҳаво дар ғарби вилоят рӯзона 29+34 дараҷа мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво то +23 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво тағйирёбанда мешавад ва борони кутоҳмуддат борида раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳои Суғд то +38 дараҷа тафсон мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад то +29 дараҷа гарм мешавад.
Село Навобод, пострадавшее от стихии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2021
Таҳдиди селхезиҳои нав ба шимоли Тоҷикистон
Ҳавои вилояти Хатлон камабри бебориш пешбинӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Рӯзона ҳарорати ҳаво дар водиҳо то +42 дараҷа тафсон мешавад.
Дар доманакӯҳҳо то +35 дараҷа мерасад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва тағйирёбанда дар назар аст. Борони кутоҳмудат мебораду раъду барқ мешавад. Ҳаво дар водиҳо то +40 дараҷа тафсон мешавад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ дамои ҳаво то +32 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе борон намеборад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то +38 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала