Эълони даромади софи Амонатбонк давоми ним сол

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Амонатбанка в Душанбе
Здание Амонатбанка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Бонки давлатӣ “Амонатбонк” эълон намудааст, ки давоми шаш моҳи соли равон даромади софи бонк зиёда аз 33 миллион сомониро ташкил намуд
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, раиси БДА “Амонатбонк” имрӯз зимни нишасти матбуотӣ афзуд, ки дар ин давра сармояи бонк ба андозаи 10,5 фоиз афзоиш ёфта, ба зиёда аз 491 миллион сомонӣ баробар шуд, даромади софи бонк зиёда аз 33 миллион сомониро ташкил намуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 39 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон раиси “Амонатбонк” таъкид дошт, ки бонки давлатӣаз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 62,4 миллион сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлатӣ пардохт намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 18 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Глава Амонатбанка Сироджиддин Икроми - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Сироҷиддин Икромӣ гуфт, аз Амонатбонк бештар кӣ қарз гирифтааст
Инчунин Икромӣ дар бораи дороиҳои бонк ёдрас шуд ва гуфт, ки ба санаи 30 июни соли равон дороиҳо беш аз 4,6 миллион сомонӣ ва уҳдадориҳои бонк зиёда аз 4,2 миллион сомониро ташкил додаанд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 10,5 фоиз зиёд мебошанд.
Амонатбонк яке аз бонкҳои муқтадиртарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ёфта, дар пешбурди сиёсати иқтисодӣ, молиявӣ ва иҷтимоии кишвар саҳми калон дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала