Андӯҳи гарон: ҳамдардии мақомдорони вилояти Суғд бо Эмомалӣ Раҳмон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Мақомоти вилояти Суғд хоҳари президенти Тоҷикистон - Қурбонбӣ Раҳмоноваро модари фариштахислат ва намунаи ибрат хондааст
ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik. Мақомоти вилояти Суғд дар робита ба даргузашти хоҳари кишвардори Тоҷикистон Қурбонбӣ Раҳмонова ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори таслият кардааст.
Дар номаи ҳамдардӣ гуфта мешавад, ки мардуми вилояти Суғд хабари реҳлати нобаҳангоми Раҳмонова Қурбонбӣ - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо ҳузну андӯҳи гарон дарёфтанд ва ғамшарики аҳли хонаводаи марҳум ҳастанд.

"Сад дареғ, ки марги беамон шахсеро ба олами улвӣ пайваст, ки бо хислатҳои ҳамида, кирдорҳои наҷиб, амалҳои неку солеҳ, покизарафторӣ, раҳнамоӣ ва адабпарварӣ дар дили мардум маскан доштанд", - омадааст дар нома.

Ҳукумати вилояти Суғд, марҳумро модари фариштахислат, меҳрпарвар, мураббӣ ва тарбиятгар гуфта, намунаи ибрат хондааст.
Президент Эмомали Рахмон и глава Хатлонской области Курбон Хакимзода в усыпальнице Султана Увайса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Самимӣ, беозор, намунаи ибрат: ёди мақомдорон аз некиҳои Қурбонбӣ, хоҳари Президент
"Фарзандону шогирдони соҳибкамол, донишманду ватанпарвар ва меҳнатқаринро ба воя расониданд, саҳми амиқ дар рушди ҳаёти иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон гузоштанд", - афзудааст манбаъ.
Мақомот мегӯяд, шогирдон ин модари мушфиқро чун намоди иффату покӣ, муҳаббату садоқат ва инсони комили ватандӯст дар ёд хоҳанд дошт.

"Аз номи Мақомоти Суғд дар ин лаҳзаҳои мусибатангез ва басо риққатбор ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, фарзандон, хешу табор ва наздикону пайвандони модари марҳум изҳори ҳамдардии амиқ баён намуда, барояшон аз даргоҳи Худованди бузург сабри ҷамил ва матонати рӯҳӣ хоҳонем", - омадааст дар номаи таслият.

Қурбонбӣ Раҳмонова рӯзи 20-уми июл рӯзи Иди Қурбон дар синни 64 – солагӣ даргузашт. Ҳукумати кишвар ба Президенти Тоҷикистон, фарзандон, хешовандон ва дӯстони Раҳмонова изҳори тасаллият кард. Сабабҳои марг зикр нашудаанд, аммо бар асоси гузоришҳо, иллати марг коронавирус мебошад.
Қурбонбӣ Раҳмонова, ҳамсари Холмӯъмин Сафаров, собиқи раиси корхонаи давлатии "Хоҷагии ҷангал ва шикор" мебошад, ки соли 2012 дар шаҳри Душанбе кушта шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала