Ҷавоне, ки дар Қазон 7 хонанда ва ду омӯзгорро паронд, девона баромад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкИзбрание меры пресечения подозреваемому в стрельбе в школе Казани
Избрание меры пресечения подозреваемому в стрельбе в школе Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Обуна шудан
Илназ Галявиеви 19 - сола аснои амалӣ намудани инфиҷор ва кушодани оташ сӯӣ устодону толибилмони мактаби Қазон дасти кам 9 нафарро кушт
ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik. Ташхиси Илназ Галявиев, ки дар қатли 7 хонандаву ду омӯзгор муттаҳам дониста мешавад, бемори рӯҳӣ доштанашро тасдиқ кард, менависад "Газета ОНК".
"Мувофиқи маълумоти мо, маркази давлатии тадқиқотии психиатрияи ба номи В.П. Сербский, "тирандоз" - и Қазон, Илназ Галявиевро ба ҳангоми содир намудани ҷинояти куштор, девона эълон кард", - гуфта мешавад дар хабр.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 май дар яке аз макотиби Қазон куштори оммавӣ иттифоқ афтод. Ҷавони 19 - сола, ки худ хатмкардаи ин боргоҳ мебошад, бо истифода аз маводи тарканда, аввал инфиҷор анҷом дод ва сипас вориди бинои мактаб шуда, 7 хонанда ва ду омӯзгорро ҳадафи тир қарор дод.
Стрельба у школы в Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Ҳувияти ҳамлагар ба мактаби Қазон маълум шуд: моҳи апрел аз коллеҷ ихроҷ шуда буд
Дар ин ҳодисаи нангин ҳамзамон 24 нафар ҷароҳатдор шуданд.
Феълан, муттаҳам дар ин ҷиноят дар боздошт қарор дорад ва алайҳи ӯ парванди ҷиноятӣ боз гардидааст. Агар бемори рӯҳӣ доштани ӯ тасдиқ намешуд, номбурда эҳтимол ҳабси абад мегирифт.
Пас аз рух додани ин ҷиноят назорати гардиши силоҳ дар Қазон пурзӯр шуд. Агар қаблан барои афроди аз 18 - сола боло ҳаққи бо худ гардондани силоҳ дода мешуд, ҳоло ин кор барои нафароне аз 21 - сола боло имконпазир аст.
Лентаи хабарҳо
0