Ҷилавгирӣ аз худсариҳо дар истифодаи замин: Хоҷазода аз салоҳияти нави Ҳукумат гуфт

© Пресс-служба президента РТПосадка картофеля в Согдийской области
Посадка картофеля в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Обуна шудан
Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, мегӯяд, ба хотири ҷилавгирӣ аз худсариҳо дар истифодаи замин Ҳукумат аз салоҳияти ҷадид дар ин маврид бархӯрдор шуд
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Ориф Хоҷазода зикр намуд, ки дар Тоҷикистон заминҳо барои таъйиноти ғайрикишоварзӣ танҳо бо қарори Ҳукумат ҷудо мегарданд. Ӯ тавзеҳ дод, бархе аз заминҳое, ки Ҳукумат медод, мувофиқи мақсад истифода намешуданд ва соҳиби замин ё мақомоти маҳаллӣ бо ҳадафҳои дигар кор мебурдаанд.
Аз ҷумла мисол оварда шуд, ки Ҳукумат заминро барои бунёди корхона ҷудо менамудааст, аммо он бо ҳадафҳои дигар истифода мешудааст.
Ба иттилои масъулини Кумита, бекор кардани қарорҳои Ҳукумат дар мавриди додани қитъа дар Кодекси замин муқаррар нашуда буд.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Раиси Кумитаи замин: то ҳол бо Қирғизистон мубодилаи замин нашудааст
Масъулин афзуданд, бо назардошти ин ҳолатҳо, ки заминҳо мувофиқи мақсаду таъйинот истифода намешуданд, ба Кодекси замини Тоҷикстон бандҳои нав илова гардиданд, ки ба Ҳукумат салоҳиятҳои зерин медиҳанд:
беэътибор донистани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гирифтан ва додани қитъаи замин дар сурати тибқи таъиноти дар он пешбинишуда истифода нашудани қитъаи замин;
ҳар сол тасдиқ намудани ҳисобот оид ба заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо, намудҳо ва заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ;
тасдиқ намудани натиҷаи баҳисобгирии давлатии масоҳати замин дар ҳудуди маъмурии шаҳру ноҳияҳо.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйироти мазкурро ба Кодекси замин қабул намудааст ва феълан онҳо мавриди амал қарор гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0