Кордкашӣ дар назди тарабхонаи "Эксклюзив" дар Душанбе - шарҳи ВКД

© SputnikАвтомобиль милиции, архивное фото
Автомобиль милиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Вазорати корҳои дохила дар пайи ҳодиса як ҷавони 20-соларо дастгир кардааст
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Ҳодисаи кордкашӣ дирӯз, 20 июл, тақрибан соатҳои 11 дар назди тарабхонаи "Эксклюзив" рух додааст.
Дар ин бора як ҷавони 22-сола, ки дар пайи ҳодиса ҷароҳат бардоштааст, ба мақомоти милиса хабар додааст.
"Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст", - менависад манбаъ.
Милиционеры в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2021
Кордкашӣ назди самбӯсахонаи "Чорчароғ": милиса ҷавони 20 - соларо боздошт кард
Ба қавли ҷавони ҷабрдида, дар назди тарабхонаи "Эксклюзив" шахси номаълум бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба қисмати рони пои чапаш задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ҳамин ноҳия дастгир карда шуд.
Дафтари матбуотии ВКД менависад, аз руи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала