Омодагии табибони рус ба машқҳои бузург дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

© Пресс-служба Минобороны РФ / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие ЦВО развернули полевой мобильный госпиталь
Военнослужащие ЦВО развернули полевой мобильный госпиталь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Обуна шудан
Дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдони Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, табибони рус пеш аз машқҳои васеъ разведкаи санитарӣ гузаронданд
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Табибони руси пойгоҳи низомии 201-уми дар Тоҷикистон дар полигони Ҳарб-Майдон дар вилояти Хатлон разведкаи санитарию эпидемиологӣ анҷом доданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Ҳавзаи ҳарбии марказӣ.
Гуфта шудааст, ки дар он аз 5 то 10 август машқҳои муштараки тактикии Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар минтақаи марзӣ бо Афғонистон баргузор мешаванд.
Мутахассисони назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ роҳҳои ҳаракат, минтақаҳои амалиёт ва ҷойгиршавии бошишгоҳҳои саҳроиро тафтиш карда, корҳои дезинфексия ва дезинсексияиро ташкил намуданд.
Ғайр аз ин, тамоми сарчашмаҳои обтаъминкунӣ санҷида шуда, хизматрасонии тиббии иштирокчиёни машқҳо маводи маводҳои безараргардонкунанда, ваксинаҳо, иммуноглобулинҳо, репеллентҳо ва доруҳои профилактикӣ омода карда шуданд.
Российский вездеход Торнадо-У - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бо мошинҳои ҳарҷогард муҷаҳҳаз мешавад
"Табибон чораҳои пешгирии сироятҳои гуногун ва мубориза бо морҳоро таҳия карданд", - хабар медиҳад Округи марказии ҳарбӣ.
Ёдовар мешавем, ки тамринҳои муштараки Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон дар вилояти Хатлон дар пасманзари вазъи ноустувор дар марз бо Афғонистон ташкил карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0