https://sputnik.tj/20210721/omodagii-tabibon-mashq-marzi-tojikistonu-afghoniston-1041050932.html
Омодагии табибони рус ба машқҳои бузург дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Омодагии табибони рус ба машқҳои бузург дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдони Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, табибони рус пеш аз машқҳои васеъ разведкаи санитарӣ гузаронданд
2021-07-21T14:19+0500
2021-07-21T14:19+0500
2021-07-21T20:22+0500
дар тоҷикистон
пойгоҳи 201
марз
размоиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041039961_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_bbdec3d7f31b71971a0d55716cd859ba.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Табибони руси пойгоҳи низомии 201-уми дар Тоҷикистон дар полигони Ҳарб-Майдон дар вилояти Хатлон разведкаи санитарию эпидемиологӣ анҷом доданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Ҳавзаи ҳарбии марказӣ.Гуфта шудааст, ки дар он аз 5 то 10 август машқҳои муштараки тактикии Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар минтақаи марзӣ бо Афғонистон баргузор мешаванд.Мутахассисони назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ роҳҳои ҳаракат, минтақаҳои амалиёт ва ҷойгиршавии бошишгоҳҳои саҳроиро тафтиш карда, корҳои дезинфексия ва дезинсексияиро ташкил намуданд.Ғайр аз ин, тамоми сарчашмаҳои обтаъминкунӣ санҷида шуда, хизматрасонии тиббии иштирокчиёни машқҳо маводи маводҳои безараргардонкунанда, ваксинаҳо, иммуноглобулинҳо, репеллентҳо ва доруҳои профилактикӣ омода карда шуданд."Табибон чораҳои пешгирии сироятҳои гуногун ва мубориза бо морҳоро таҳия карданд", - хабар медиҳад Округи марказии ҳарбӣ.Ёдовар мешавем, ки тамринҳои муштараки Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон дар вилояти Хатлон дар пасманзари вазъи ноустувор дар марз бо Афғонистон ташкил карда шудааст.
https://sputnik.tj/20210721/poygohi-rusiya-tojikiston-moshin-harjogard-mujahhaz-1041046629.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/15/1041039961_351:0:1791:1080_1920x0_80_0_0_ff2048725d64b51c74b3d2c5200a6d2b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, машқ, марз, афғонистон, табибон, тибб, низомӣ
тоҷикистон, афғонистон, машқ, марз, афғонистон, табибон, тибб, низомӣ
Омодагии табибони рус ба машқҳои бузург дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
14:19 21.07.2021 (Навсозишуда: 20:22 21.07.2021) Дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдони Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, табибони рус пеш аз машқҳои васеъ разведкаи санитарӣ гузаронданд
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Табибони руси пойгоҳи низомии 201-уми дар Тоҷикистон дар полигони Ҳарб-Майдон дар вилояти Хатлон разведкаи санитарию эпидемиологӣ анҷом доданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Ҳавзаи ҳарбии марказӣ.
Гуфта шудааст, ки дар он аз 5 то 10 август машқҳои муштараки тактикии Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар минтақаи марзӣ бо Афғонистон баргузор мешаванд.
Мутахассисони назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ роҳҳои ҳаракат, минтақаҳои амалиёт ва ҷойгиршавии бошишгоҳҳои саҳроиро тафтиш карда, корҳои дезинфексия ва дезинсексияиро ташкил намуданд.
Ғайр аз ин, тамоми сарчашмаҳои обтаъминкунӣ санҷида шуда, хизматрасонии тиббии иштирокчиёни машқҳо маводи маводҳои безараргардонкунанда, ваксинаҳо, иммуноглобулинҳо, репеллентҳо ва доруҳои профилактикӣ омода карда шуданд.
"Табибон чораҳои пешгирии сироятҳои гуногун ва мубориза бо морҳоро таҳия карданд", - хабар медиҳад Округи марказии ҳарбӣ.
Ёдовар мешавем, ки тамринҳои муштараки Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон дар вилояти Хатлон дар пасманзари вазъи ноустувор дар марз бо Афғонистон ташкил карда шудааст.