Пулиси Маскав пас аз занозании гурӯҳӣ дар Кузминки амалиёти “муҳоҷир”-ро оғоз кард

© Sputnik / Стас ЭтвешПроверка документов
Проверка документов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Пас аз занозании гурӯҳи миёни муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ, дар пойтахти Русия рейди “муҳоҷир” оғоз ёфтааст. Муҳоҷирон боздошт мешаванду дар бораи онҳо маълумот ҷамъоварӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Полиси шаҳри Маскав баъд аз занозании гурӯҳӣ рейди "Муҳоҷир"-ро оғоз кардааст. Дар ин рейдҳо ҳар як корманди послис вазифадор шудааст, шаҳрвандони Осиёи Марказиро сабти ном кунад, иттилоъ додааст, хабаргузории Lenta.ру
Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи ин амалиёт мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Маскав ҳамарӯза чандин муҳоҷири меҳнатиро, ки бештар аз кишварҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон мебошанд, боздошту ба қайд мегиранд.
“Ин шаҳрвандонро ба шӯъбаҳои полис оварда, аксбардорӣ мекунанду изи ангушт мегиранд, маълумот дар бораи онҳо ба пойгоҳи полис ворид мекунанду ва тафтишот мегузаронанд, ки оё ин афрод дар занозаниҳои гурӯҳи дар Кузминки иштирок кардааст ё на”, - қайд кардааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол расонаҳо хабар медиҳанд, ки тақрибан дар ҳар як ноҳияи шаҳри Маскав дар як рӯз даҳҳо нафар боздошт мешаванд. Аз муҳоҷирон изи ангушт мегиранд ва дар бораи онҳо полис ба пойгоҳ маълумот ворид мекунад.
кулак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Боздошти як ҷавони тоҷик дар пайи занозанӣ бо “скинхед” - ҳо – видео
Бояд қайд кард, ки рейди “муҳоҷир” баъд аз он сурат гирифт, давоми ҳафтаи ахир миёни муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Марказӣ чанд занозании гурӯҳӣ ба миён омад.
Санаи 13 июл хабар расид, ки беш аз сад муҳоҷири меҳнатӣ, ки дар як занозании гурӯҳӣ дар пойтахт боздошт шуда буданд, аз Русия хориҷ карда мешаванд.
Ҳамзамон полиси Маскав нисбати 103 нафар, ки дар занозании гурӯҳӣ дар назди метрои Кузминки иштирок доштанд, барои майда авбошии, вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Русия ва низоми будубош дар ин кишвар протоколҳои маъмурӣ тартиб додаааст.
Автомобили полиции и скорой медицинской помощи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Ҷузъиёти занозании муҳоҷирон дар Маскав ва масъалаи ихроҷи онҳо аз Русия
Шаби 12 ба 13 июл дар назди метрои Кузминки зиёда аз сад муҳоҷири меҳнатӣ занозании гурӯҳӣ иштирок карданд. Чанд нафар захмӣ шуданд, аз ҷумла захмҳои корд. Сабаби муноқиша баҳси духтарон будааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз муҳоҷирон, ки дар Русия кор мекунанд даъват кардааст, ки талаботи меъёрҳо ва одоби кишвари қабулшударо риоя намоянд ва қоидаҳои ахлоқиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя кунанд ва қонунҳои Русияро вайрон накунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала