Паҳлӯи қабри падар рафт: Самадов, собиқ вакили Тоҷикистон даргузашт

© Sputnik / Андрей СтенинҶаноза. Акс аз бойгонӣ
Ҷаноза. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Нуъмонҷон писари хурдии Абдуғафур Самадов, вакили Шӯрои олии СССР ва қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ буд
ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik. Нуъмонҷон Самадов, собиқ вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон дар синни 60 – солагӣ бар асари беморӣ аз олам даргузашт.
Яке аз пайвандони хонаводаи Самадовҳо дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Нуъмонҷон аз бемории қанд ранҷ мекашид ва барои табобат ба шаҳри Маскави Русия сафар карда буд.

“Ду моҳ пеш барои муолиҷаи беморӣ ба Маскав рафта буданд, вале дирӯз ҷон ба Ҳақ таслим намуданд. Ҷасади Самадов имрӯз тавассути шаҳри Тошканд ба ноҳияи Ҷаббор Расулов расонида шуд”, -гуфт манбаъ.

Нуъмонҷон, писари хурдии Абдуғафур Самадов, собиқ вакили Шӯрои олии СССР, ду карат қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ (1957, 1979), собиқ раиси колхози ба номи Ленин ва аз пахтакорони машҳури он замон дар ноҳияи Пролетар, ҳоло ба номи Ҷаббор Расулов маҳсуб мешуд.
Тақдими мукофоти давлатӣ ба Шералӣ Миристоев аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Ҳоҷӣ Шералӣ даргузашт: мотам дар оилаи соҳибкорон - Миристоевҳо
Худи Нуъмонҷон ҳам солҳои 1999-2004 як дафъа вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон буд. Самадов Нӯъмонҷон Абдуғафурович 14 сентябри соли 1960 дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд таваллуд шудааст.
Соли 1978 факултаи фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуровро хатм карда, соли 1989 рисолаи номзадиашро дар шаҳри Маскав ҳимоя намудааст.
Собиқ вазири молияи Тоҷикистон даргузашт: иллати маргаш номаълум
Самадов фаъолияти меҳнатиашро дар колхози ноҳия шурӯъ намуда, баъдтар мудири озмоишгоҳ (лабаратория) и чорвопарварӣ ва баъдан директори заводи пахта шуда кор кардааст. Аз соли 2001 то 2005 ба ҳайси раиси колхози ба номи Абдуғафур Самадов фаъолият намудааст.
Аз соли 2014 то 2017 мудири бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов буд. Соати 15 и баъд аз зуҳри имрӯз ҷанозаи Нуъмонҷон Самадов дар қабристони “Ҷонбеко”-и ҷамоати Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов дар паҳлӯи қабри падараш Абдуғафур бо иштироки хешу пайвандон ва ҳамкорону аҳли дӯстонаш ба хок супурда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала