Бо талаби Рустами Эмомалӣ: ронандаҳои мусофиркаш фавран ваксин мегиранд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевВодитель маршрутного такси в Душанбе
Водитель маршрутного такси в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Дар Душанбе ронандаҳои ҳамагуна нақлиётҳои мусофирбар ба таври фаврӣ ваксин алайҳи коронавирус мегиранд
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ талаб намудааст, ки дар пойтахт тамоми ронандаҳои нақлиётҳои мусофирбар ба таври оҷил бо ваксин таъмин карда шаванд.
Мири шаҳр дар ин бора зимни ҷаласаи ахири шаҳрӣ бобати мубориза бо маризии коронавирус ибрози назар кард ва ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод.
Ҳамин тавр, бо талаби Рустами Эмомалӣ ронандагони автобусу троллейбус, маршруткаю таксиҳо ҳама фавран ваксин мегиранд.
Илова бар ин, назорати пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дохили нақлиётҳои мусофирбар низ шадидтар мешавад.
Рустами Эмомалӣ талаб намуд, ки шумораи мусофирҳо дар нақлиётҳо низ назорат ва аз барзиёд савор кардани мусофирон пешгирӣ карда шавад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2021
Супориши Раҳмон барои таъмини ваксин, омодагӣ ба ҷашн ва кумак ба зарардидагон аз офатҳо
Қаблан фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ аз барзиёд савор кардани мусофирон дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ шадидан изҳори нигаронӣ намуданд. Ба гуфтаи онҳо дар чунин шароит нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ғайри маҳол аст.
Ёдовар мешавем, Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронаиврус рӯзи 21 июн эълон кард, ки Тоҷикистон ба мавҷи дуюми бемории коронавирус рӯбарӯ шуд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ маъракаи сартосарии ваксинзанӣ эълон гардидааст ва афроди аз 18 - сола боло бояд ба таври ҳатмӣ алайҳи коронаввирус ваксин гиранд.
Феълан, дар кишвар ду намуд ваксин дар гардиш аст, ки яке AstraZeneca ва дигаре CoronaVaс мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала