Санҷиши сартосарии ҷангӣ дар Тоҷикистон: аз сарбозони эҳтиётӣ то генералҳо

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонМаросими гулчанбаргузории генералҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу қудратӣ назди "Оташи ҷовидон" дар Душанбе
Маросими гулчанбаргузории генералҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу қудратӣ назди Оташи ҷовидон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 22 июл дар ҷумҳурӣ санҷиши омодагии ҷангии тамоми қувваҳои мусаллаҳу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нерӯҳои эҳтиётӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 22 июл дар ҷумҳурӣ санҷиши омодагии ҷангии тамоми қувваҳои мусаллаҳу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нерӯҳои эҳтиётӣ баргузор мешавад. Дар шаҳри Душанбе бо ҳузури раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон гузашти низомии 5 ҳазор сарбозу афсар дар назар аст, ки бо бонги хатар соати 4:00 хезонда хоҳанд шуд, хабар додааст РИА Новости.
Ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, сарбозони эҳтиётӣ дар навоҳии Тоҷикистон низ даъватнома гирифтаанд, ки соати 4-и субҳи 22 июл бо майдонҳои муайян барои санҷиш ва машқи низомӣ ҳозир шаванд.
Дар даъватномаҳо омадааст, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 22 июл сафарбарсозии ҳайати эҳтиётӣ, барои омӯзиш ва машқи низомӣ сурат мегирад. Аз нерӯҳои захиравӣ хоҳиш шудааст, ки ба ҷойҳои муайян бо либоси варзишию ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ҳозир гарданд.
 Российские танкисты в Таджикистане совершили марш у границ Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Дар ҳифзи марз: раҳпаймоии танкчиёни Русия аз Лоҳур то Ҳарб - Майдон
Таъкид мешавад, ки 22 июл дар саросари кишвар санҷиши омодагиии ҷангӣ сурат мегирад.
“Дар асоси Нақшаи мудофиаи Тоҷикистон 22 июли соли 2021 дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ санҷиши бузургмиқёси омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ ташкилу гузаронида мешавад”, - иттилоъ дод манбаъ.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ғасбкориҳои ҷангиёни Толибон* дар марз ҷаласаи Шӯрои амниятӣ баргузор намуда, ба Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи кишвар супориш дод, ки 20 ҳазор низомии эҳтиётиро ба марз бо Афғонистон сафарбар созад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки иқтидори муҳофизатии сарҳад пурзӯр карда шуда, ба минтақаҳои зарурӣ қувваҳои иловагии низомӣ равона гардад.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала