Тағйирот дар 20 ва 50 сомонӣ: Бонки миллӣ пулҳои нав ба муомилот мебарорад

© © Sputnik / Амир ИсаевПродавец в магазине считает сдачу
Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Бонки миллии Тоҷикистон эълон кардааст, ки пулҳои коғазии навро бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 ба муомилот мебарорад
ДУШАНБЕ, 21 июл - Sputnik. Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, пулҳои коғазии навро бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 ба муомилот мебарорад.
Гуфта шудааст, ки ин иқдом бо мақсади таъмин кардани талаботи муомилоти пули нақди ҷумҳурӣ бо пулҳои коғазӣ ва баланд бардоштани дараҷаи ҳимояи пули миллӣ сурт хоҳад гирифт.
Манбаъ қайд кардааст, ки 20 ва 50 сомониҳои нави намунаи соли 2021 дар қатори пулҳои коғазӣ соҳои қаблӣ гардиш хоҳад кард.
“Пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 дар қатори пулҳои коғазӣ бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонӣ, намунаи солҳои 1999, 2010, 2017 ва 2018, ки дар муомилот ҳастанд, баробар гардиш хоҳанд кард”, - таъкид доштааст БМТ.
Зикр шудааст, ки Бонки миллӣ барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит барои ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намунаи соли 2021 бо арзишҳои номиналии 20 ва 50 сомонӣ, тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад.
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2021
Бонки миллӣ сиккаҳои ҷашнӣ аз металҳои қиматбаҳо ба муомилот мебарорад
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон қайд кардааст, ки пулҳои коғазӣ 20 ва 50 сомонии намунаи соли 2021 дорои дараҷаи ҳифозатии баланд буда, аз омехтаи нахи пахта (80%) ва маводи химиявии полимер (20%) омода шудаанд ва дорои унсурҳои ҳимоявӣ, аз қабили нишонаи обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, унсури чопию нақшкӯби зидди нусхабардорӣ, тасвирҳои бо ҳам пайвандшаванда, кинеграмма, нишона барои нобиноён ва ҳимояи магнитӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала